Изҳорот: ​Ҳамдастию тифоқи миллат – наҷоти ҳаёт

Тоҷикон аз қадиммулайём бо камоли муруввату мадоро фарҳанги бузурги хешро доро буданд ва дар тӯли ҳазорсолаҳо дар руҳияи ҳамзистӣ, рафоқат, бародарӣ ва дӯстӣ зиндагӣ доранд. Бешак, ин муттаҳидиву сарҷамъӣ, ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик бегазанд, барои пешрафти давлати мо ва пойдориву устувории давлат боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи пешгирии ҳама гуна мушкилиҳо ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Миллати тоҷик дар гузашта низ таҳаммулпазир буда, дар роҳи душвори зиндагӣ дасти ҳам мегирифтанд ва баҳри барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшишу ғайрат менамуданд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар давлату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада- пандемияи коронавирус COVID 19 дар изтиробанд. Кишвари мо, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонист, мутаассифона аз таъсири ин бемории сироятӣ эмин намонд. Ин бемории коронавирус барои сокинони Тоҷикистон ҳам як навъ санҷиш ва имтиҳони зиндагист. Бартарии бузурги мардуми Тоҷикистон аз баъзе давлатҳо дар он аст, ки ҳалқи тоҷик сулҳпарвару тифоқ буда, маҳз ин сарҷамъии миллати мо омили асосии сиҳатии ҷомеа мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар пиёдаандозии иқдоми ташаббусҳои ватандӯстона барои аҳли ҷомеа ҳамеша намунаи олии ибрат мебошанд. Музди меҳнати якмоҳонаи вазифавиашонро барои пешгирӣ ва мубориза ба зидди бемории коронавирус гузарониданд. Ин далели он аст, ки Президенти кишвар ба халқу миллати худ дилсӯзу ғамхор ҳастанд. Инчунин ба вилоятҳои кишвар кӯмакҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон расонида шуд, ки баҳри пешгирӣ ва табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда мебошанд.

Дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин роҳ надодан ба воҳиманокӣ ва дар ин замина ҳифзи оромии равонӣ аст. Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд “Поёни шаби сияҳ сафед аст”. Албатта ин мушкилиҳо ва рӯзҳои душвори зиндагӣ паси сар мешаванд.

Бигзор дар Тоҷикистони азизамон то ҷаҳон боқист саломатии комилу бардавом, маъвои сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту тараққиёт бошад!

Кафедраи грамматикаи забони арабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ