Хоин дар ҳама ҷо хоин аст
Аз таърих ба ҳамагон маълум аст, кидар ҳама давру замон шахсоне буданд, ки бар зидди миллатӣ худ муқобилият нишон медоданд. Мутассифона, дар замони имрӯза низ нафаронедарёфт кардан мумкин аст, ки бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва бар зами ин бар гуноҳҳои худ иқрор нагашта боз мехоҳанд худро сафеду ҳукумати кишварро бошад сиёҳ. Яке аз чунин гурӯҳҳо дастаи террористӣ ва экстремистӣ бо ном ҲНИ мебошад, ки онро Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш идора менамоянд.
Маълумоти охироне, ки дастраси мо гардидааст, дар бораи собиқ аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад, ки дар ҳамин сарзамини азизамон Тоҷикистон зиндаги кардаву боз кӯрбинона бар зидди давлати худ хиёнаткориҳо доранд. Аммо дар ҳама давру замон нафароне, ки хоини карданду пинҳони зиди ҳокимияти худ, амалҳои ношоиста анҷом додаан бе ҷавоб намондааст.Аммо ҳастанд нафарони хиёнаткоре аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, Кабири ва дига ҳамаслакони онҳо ки, пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, мехоҳанд кирдорҳои нопоки хешро роҳандози намоянд. Албатта, хиёнат бузургтар аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯзҳам бахшида нахоҳад шуд, инро набояд фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик минҷумла ин хоинони бадниҳоду бадгавҳар. Имрӯзҳо ин хоинони миллат сомонҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимои, бо маблағгузорӣ хоҷагонашон таъсис дода, ба мардум фиребиву мардумозори даст мезананд. Дар ҳақиқиат ҳам ҳамин рафтор ва муносибатҳои бадхоҳонаи ин бе ватанҳо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палидон зархариди душмани миллату ватани хеш гардида барои ду танга ба чӣ хиёнатҳо қодиранд. Биноан вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки хоинонро шиносему онҳоро ҳамвора нафрин кунем. Дарк намоем, ки гуфтаҳои онҳо ба хаспорае намеарзаду доду вовайлои онҳо чун “аккоси сагон ба сӯи моҳ” асту бас.
ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин во намуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд, ки дар натиҷа ҷавонони моро бар доми худ кашиданду сабабгори оилавайроншавию ашки модарону сарсонии кудакони бегуноҳ гардидааст, ки басо аламовар аст.Эй марум ҳушёб бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед ва баҳри хушбахтии оилавӣ, хандаи модарону кӯдакон ва оромии кишвари азизамон бикӯшед. Ба ҳаргуна ҳаракатҳои номатлуб шомил нашавед худ ва атрофиёнатонро ҳимоя намоед. Имруз хушбахтона дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳо муҳайё аст. Ва мо бояд ба қадри он расему барои ояндагонамон онро мерос гузоре. То, ки насли оянда низ аз мо ифтихор кунанду дар фазои ободу осоишта умр ба сар баранд.
Лола Ашӯрова