Баромадҳои беасосу дурӯғӣ

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар гузориши беасоси худ, ки санаи 26 июли соли равон дар мавзӯи «Ҷашни Истиқлол дар сояи коронавирус: чанд пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тариқи шабакаҳои иҷтимоии https://www.youtube.com/ пахш гардид, бори дигар барои муайян кардани мавқеи сиёсии худ, ки пур аз дурӯғу дасиса буд муайян намояд. Мо медонем, ки инҳо барои пули ночиз аз ҳар куҷо далелҳоро носанҷида ва наомӯхта мардумро гумроҳ мекунанд. Ҷавононе, ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва мағзҳояшон холӣ ҳаст ба ҷонибдории Муҳиддин Кабирӣва пайравӣ аз он мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар гузориши худ мақомотро дар фасодзадагӣ гунаҳкор дониста, бо ин гуфтори хеш мехоҳад мардумро зидди ҳукумат бархезонад. Ин нобакор доир ба паст будани сатҳи зиндагии мардум, озод набудани мардум дар Ватан, набудани ҷойҳои корӣ сухан ронда, тамоми дастовардҳои 30 соли Истиқлолиятро нодида гирифтааст. Албатта, давлат бе камбудӣ намешавад. Тамоми давлатҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба митингу инқилоб даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд.

Чунин даъватҳои бемаънии Муҳиддин Кабирӣ ва устодонашу пайравонаш буд, ки дар солҳои 90-ум Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Тамоми камбудиҳо низ маҳз аз ҳамон давраи ҷанг сарчашма мегиранд, ки ҳоло ҳам мо баъзеи онро бартараф намуда истодаем. Агар ҳамон ҷанг агар руҳ намедод Тоҷикистон ҳоло садсолаҳо пеш мерафт. НОБ-и Роғун, нақбҳои Шаҳристон ва Истиқлол ва дигар иншоотҳои муҳими стратегии кишвар кайҳо сохта ба истифода дода мешуданд.

Шаҳрзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ