​"Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад!"

- таҳти ин унвон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва донишҷӯёни факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба чорабинии илмӣ-тарбиявӣ гузаронида шуд.

Иштирокдорон бо такя ба маълмутоти оморӣ баён доштанд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи башарият хунинтарин ва даҳшатноктарин ба шумор рафта, 1 418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион сокинони Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Ҳамчунин дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳа, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд ва ба хок яксон шудаанд.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 90 ҳазор тоҷикистонӣ фиристода шуда, 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Аз ҷумла 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шуданд.

Дар идома барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ