ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ ба ҳадафи худ нахоҳад расид
Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз xумла ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.
ТЭТ ҲНИ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳаракате, ки дар солҳои 1970-ум бо ташаббуси Ихвон ул- муслимин ташаккул ёфтааст. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр”-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тўли фаъолияташ талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад.
Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пас инқилобро роҳандозӣ кунанд. Ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал карда намешавад. Дар тўли таърих ҶАНГ ҳеч гоҳ ягон мушкилиро ҳал накардааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ аст. Яъне ТЭТ ҲНИ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. Ба худии худ, соҳиб шудан ба қудрати сиёсии давлат айбе надорад ва дар Конститутсия низ пешбинӣ шудааст. Аммо ТЭТ ҲНИ барои мо чӣ алтернативае оварда метавонад. Яқин аст, ки ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам, чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва ҳатто аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум мешаванд.
Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ТЭТ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИТ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафият, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.
ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Барои амалӣ намудани демогогияи худ ва роҳ ёфтан ба мағзҳои хуфта роҳбари ин ҳизб бо галстуку сарулибоси ғайримазҳабӣ дар расонаҳо зоҳир мешавад.
Мардуми кишвар он ҳадафҳои нопоке, ки ин ҳизб дорад кайҳо хуб дарк намудаанд. Бинобар ин ҳеҷ гоҳ онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.
Дилшод Валиев