​Изҳорот: Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун хоин ва хиёнаткори ватан

Имрӯз Муҳиддин Кабириро ҳамаи мо ҳамчун як хоини Ватан медонем. Муҳиддин Кабирӣ бе Ватан гаштаву доимо мухолифи давлат аст ва ҳамчун як хоин бар задди ватани худ мебарояд.

Он корҳое. ки вай кардааст оё пасанда нестанд, ки вай бо ҳаммаслаконаш Салимпур, Аюбзод, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Истаравшании хиёнаткор боз дар рӯзҳое, ки ба сари тамоми инсоният як вабое омадаву ҳамаи мардум ба як дастгирӣ ниёз дорад бо кирдорҳои ғаразнокаш мехоҳад Тоҷикистони тинҷу осоиштаро нотинҷ гардонад. Вай худ бе Ватан гашта, мехоҳад бо ниятҳои ғаразноки худ халқи тоҷикро гумроҳ намояд.

Кабирӣ Кобра чӣ мехоҳад? Ӯ бо дӯстони хиёнаткораш мехоҳад, ки сохти ҳукмдориро вайрон карда, ҷамъомадуҳамоишҳо вагирдиҳамоиҳо ташкил намуда, ғояҳоиифротии худротарғибуташвиқ намояд. Барои ин ниятҳои ғаразноки худ онҳо аз шабакаҳоииҷтимоӣ ва интернетба таврифаровонистифода бурда, дар байниҷавононунаврасонмехоҳанд идеологияихудро паҳн намоянд. Лек ин хиёнаткору хоини Ватан ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ расида наметавонад, зеро худ бозичае дар дасти хориҷиён мебошад.

Кабирӣ нағз бифаҳмад, ки мо тоҷикону тоҷикистониён Ҳукумати худро дорем, ки халқи худро дар ҳамаи рӯзҳои сахтӣ дастгирӣ менамоянд ва ба Тоҷикистони азизи мо сулҳу осоишта овардаанд. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар Тоҷикистон мебинем, маҳз бо ибтикору дастгирӣ, бо хизматҳои шоиставу қаҳрамонона ва сиёсати хирадмандонаиҲукумати мамлакат рӯи кор омадааст.

Бобоҷонова Шафоат Усмоновна, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ