​Таваҷҷуҳ: Қабули довталабон ба таҳсилоти олии дуюм ва идомаи таҳсилот аз 1-уми июл шурӯъ мешавад!

Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" қабули довталабонро ба таҳсилоти олии дуюм, идомаи таҳсилот (рӯзона, фосилавӣ) барои соли таҳсили 2021-2022 эълон менамояд.

Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" пешниҳод менамоянд:

-ариза ба номи ректор;

-ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ- асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).

-маълумотномаи тиббӣ (шакли № 038)

-6 адад сурат (андозаи 3х4 см);

-шиноснома;

-билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);

-ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

Ҳамчунин довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабули Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор;

-дипломи намунаи давлатӣ (асл) бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;

- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);

- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба таҳсилоти олии дуюм ва идомаи таҳсилот аз 1-уми июл то 20-уми августи соли равон сурат мегирад.

Суроғаи комиссияи қабул: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин 147 (назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд).

Телефон барои тамос:

+992 (83422) 4-31-20;

+992 93-550-40-00

+992 92-644-31-60

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ