Парчами номус парафшон бодо
Якдилию ваҳдати миллӣ, мутаҳидӣ ва ҷонибдории сиёсати одилоная оқилонаи роҳбарияти олии кишварро воқеаҳои рӯзҳои охир, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъомаданд, бори дигар собит сохтанд. Мардуми Тоҷикистон аз сиёсати таҳаммулпазирӣ ва мавқеи устувори давлатдорони худ шукронаю сипосгузорӣ менамоянду ҳамеша онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Танҳо нафарони нобакору палид аз ин воқеаҳо ҳангомаҳо эҷод мекунанду андеша ҳам намекунанд, ки мебоист ҳақиқати ҳолро дарк намоянд. Дар радифи ҳангоматалабони қирғизистонӣ нафарони шайтонгарои наҳзатӣ низ сарусадоҳои ноҳалафона баён медоранду тинати нопоки худро ба ҷаҳониён муарифи менамоянд.
Ваъз пуртаҳлукаи байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаинозуки дипломатӣ асту танҳо муғризони разил аз он мехоҳанд нафъе ба худ ҷӯянд. Бар замми нидоҳои ҳарзагӯёни қирғизистонӣ наҳзатиёни ватанфурӯш даъвои ҳақиқатҷӯӣ мекунанд. Ононе, ки аз сиёсати одилонаю оқилона фарсахҳо дуранд, ақидаҳое пеш меоранд, ки дар асл андешаҳои ифротгароӣ аст. Наҳзатиён, ки мафкураашон олудаи ифротист ва ҳатто саводи казоӣ надоранд, ки воқеаҳои рӯзҳои охир ба амал омадаро воқеибинона таҳлил намоянду баҳо диҳанд. Худро “доно”-и мутлақ ҳисобида Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони ландаҳураш “аз зери нохун чирк мекобанд”-у изҳор медоранд, ки Ҳукумати кишвар қудрати ҳалли масъалаи ҷойдоштаро надорад. Ҳол он, ки худ савияю малакаи сиёсатмадорӣ надоранду вожаи “ватандӯстӣ” барои онҳо бегона аст. Маслиҳату дастурҳои ғаразнок пеш меоранд, ки касе дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ниёз ба он надорад. Қудрати иқтисодӣ, ҳарбӣ, ҷаҳонӣ, маънавии роҳбарияти олии кишвар басанда аст, ки чандин воқеаҳои ҳифзи нангу номус сари вақт ҷилавгирӣ карда шаванд.
Мардуми Тоҷикистон сарҷамъона ҷонибдори сиёсати Пешвои муаззаму мӯътабари худ ҳастанду бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ доимо омодаанд, ки оромиву осудагииҷомеаи мутамаддин ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуби худро муваффақона ҳифз намоянд ва решаи нопоки палидони наҳзатӣ ва иғвогарону дасисабозони хориҷӣ баркананд.
Тоҷикистону мардуми тоҷик доимо ободу поянда бодо!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Ҷӯраев М.Б.-муаллими кафедраи сиёсатшиносииМДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”