​Озмуни “Зебосанами хобгоҳ-2021” гузаронида шуд

Бахшида ба солҳои 2019-2021 ”Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни умумидонишгоҳии “Зебосанами хобгоҳ-2021” гузаронида шуд.

Дар озмун донишҷӯдухтарон аз рӯи панҷ шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуда, маҳорату истеъдоди худро дар хондани монолог, тайёр намудани хуриш, ороиши мӯй, донистани забонҳо нишон доданд.

Мақсад аз баргузории чунин озмун ин арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои дастӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ, муайян намудани чеҳраҳои ҳунарманду чирадаст мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ