Кабирӣ сарвари хурофотпарастон
Тавре ба аҳли башар маълум аст, имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Ҳоло замон марбут ба амалҳои террористӣ ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Новобаста аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Ҳоло ҳам дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Дар Тоҷикистон имрӯз хурофотпарастиро Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш роҳнамоӣ мекунанд. Мубориза ба зидди хурофотпарастӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди хурофотпарастӣ натанҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар як шахси ватандӯст мебошад. Мо бояд ба идеҳои солим сару кор бигирем ва аз тӯҳмату буҳтон ва агитатсияи ташкилотҳои террористӣ канораҷӯӣ намоем.
Хурофот ва ифротгароӣ дар ҳама давру замон монеи асосии рушди инсоният аст. Хурофот ва ҷаҳолатпарастӣ хираду мантиқро аз инсон салб мекунад, ӯро ба як махлуқи сарнавишти бетафовут, барда ва аз таъсиргузорӣ дур табдил медиҳад. Нафарони хурофазада ҳеҷ гоҳ намехоҳад ба дунёи воқеъӣ ва ба назари воқеъӣ ба ҷаҳон муносибат намояд, зеро ӯро тарси пайваста ва таваҳҳумзадагӣ намегузорад, ки ба воқеъияти ҷаҳон сарфаҳм равад.
Шаҳрзод