​Номатлубият то ба кай?

Аз рӯи нахустини бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем.

Халқи тоҷик имрӯз бо тамоми нерӯи худ марзу буми худро ҳимоя менамояд ва намегузорад, ки аз ҷониби ягон бадхоҳони миллат ва дигар таҳдидҳои дохиливухориҷӣ газанде расад. Мо ҳама точикистониён ватан, миллат, халқ, шаҳрванд ва марзу бумамонро ҳамеша ҳифз менамом ва кишвари азизамонро рушду равнақ мебахшем.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон амалҳои марбут ба террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризмва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб буда, боисиба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Фаъолияти тундравонаи тарафдорони терроризму экстримизмҳеҷ вақт ба манфиати мардум набуда,балки барои манфиатҳои мақсадноки бади худ мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳадафи онҳо тафриқандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Тоҷикистонбуду ҳаст. Мақсади рохбарияти онҳо бо дурӯғу найрангҳо ва фиребу дурӯягӣ мардумро гумроҳ кардан мебошад. Аммо мо мардуми ҳушёру бозаковат, бофарҳангу бомаърифат ба ин суханҳои нопоки онҳо ҳеҷ вақт бовар намекунем.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он, ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Беҳзод Авезов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ