Пайравони Кабирӣ балвоангезони асри хх
Солҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаргуна ваҳшонияти гурӯҳи ифротию террористӣ – экстремистӣ ба ҷамъияти мутамаддини ҷаҳон пайваст гардид. Тавре таърих огоҳ аст, солҳои 90-ум роҳ ёфта, сабаби нооромї ва саргардонии мардум гардид, вале аз он ҷо, ки саркардагони он нақшаву нияти бад доштанд, ба орзуву иқдомҳои аҳриманонаи худ ноил нагардиданд. Хиёнате ки бо чунин иқдомҳо ваҳшигариву зулму ситам, хунрезиву ҷаллодӣ ва дасисабозӣ ТЭТ ҲНИ баҳри халқу миллати мо тоҷикон карданд, ҳеҷ нобахшиданист, ба монанди: қатли гурӯҳи одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзонидан ё тарконидани инсонҳо, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳо, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ, таҷовуз ба номуси болиғу ноболиғ ва ҳазорон ҷинояти дигареро анҷом доданд, ки мардумро ба тарсу даҳшат ва ҳарос гирифтор карда буд.
Ин иттиҳоди террористӣ – экстремистии ҲНИ аз замоне, ки бунёд ёфт ва фаъолияти худро шурўъ намуд, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори “хайру савобе” накардааст. Мақсади асосии ҲНИин мунофиқӣ буду бас, зеро онҳо доим пайрави моҷаро буданду мардумро ба моҷарову зиддият балво меандохтанд.
Мардуми миёнсол хислатҳои террористӣ-экстремистии ҲНИ-ро дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хуб дарк карданд ва чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динию мазҳабӣ ва аз кадом ҷониб амалишавии онҳоро мушоҳида намуда, донистанд, ки амалаёти террористӣ ҳамагӣ аз ҷониби ин гурӯҳи манфиатҷӯ амалӣ мегардид. Бо чунин рафтори хушунатбори худ ҲНИ таъсири бади хешро ба руҳу равони миллати тоҷик расонид, ин фаъолияти онҳо боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва хурофотпарастиву парокандагї оварда расонид. Ҳаракатҳои террористии ҲНИ сохтори сиёсиро фалаљ гардонида ба иқтисодиёту молиёти кишвар таъсири нобахшиданї гузошт ва ин ҳисоротро солҳои сол мардуми мо ҷуброн карда истодаанд. Ҳамаи ин рафтору фаъолияти ҲНИ ҳаракатҳои бевоситаи террористї ба шумор меравад, ки инро мардуми шарифи мо дар охири садаи асри сипаришуда таҳаммул карданд. Сарчашмаи асосии ифротгаро дар Тоҷикистон ин амалиётҳои ҲНИ мебошад, ки бадбахтона ба сари мардуми мо фурӯ рехт.
Ҳамин рафтори номардонаи намояндагони ҲНИ ва беобрӯии онҳо ҳазорон сол барои халқу миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии амалиётҳои ҲНИ ҳазорон нафар даст ба ҷанги хонумонсӯз зада, ба тору пуди миллат рахна ворид намуданд. Ҳамон солҳо бо касофати ин хоинон мардуми бегуноҳ ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир гардида, ҷумҳурии моро аз дигар ҷумҳуриҳори собиқшӯравӣ ба тӯли чандин даҳсолаҳо ба қафо андохт.
Ин тоифа душманони миллат исломи нобро ниқоби худ сохта, мехостанд ба “сулҳ”-у “ваҳдат”-и Тоҷикистони тозаистиқлол рахна ворид созанд, хуни мардумро боз бирезанду оромии ҷомеаро аз байн баранд. Ба ёд оред, ҷанги дохилии Тоҷикистонро ҲНИ ташкил кард ва аз тарафи ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии кишвар кушта шуданд, ин амалҳо худ ба миллати тоҷик душман будани онҳоро исбот менамояд. Ин инсонњо душмани халқу миллат ва Вахдат намебуданд, идае аз мардуми мо ба хусус ҷавононро гумроҳ намуда, ба сӯи ҷаҳолату хунрезӣ равона намекарданд.
Аммо хушбахтона тақдир барои миллати тоҷик ҳодиву раҳонандаеро, бо номи Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд, ки маҳз ба шарофати он кас сулуҳу субот дар ҷумҳурӣ истило ёфт.
Аз меҳнату хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири асри гузашта ин буд, ки ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон гунаҳкоронро афв намуданд, аз ҷумла ана ҳамин хоинони давлату миллат, яъне наҳзатиҳоро низ бахшиданд, ки тӯли ин қадар сол дар фазои сулҳу оромӣ сарзамини хеш кору фаъолият намуданд. Ҳарчанд, ки ҷиноятҳои онҳоро ҳама медонистанду аз он огоҳ буданд, ба хотиру сулҳу осоиштагии кишвар давлату ҳукумат аз онҳо даъвое накард. Вале ин ҳаромзодагон тинҷию оромиро нахостанд ва аз сари нав хостанд, ки ба фазои ороми Ватан нуқсон ворид намонд. Мехостанд дубора мардумро ба гирдоби хун оғӯшта кунанд, мардуми сарҷамъро парешону беватан гардонанд, аммо ба нияти нопоки худ ҳеҷ гоҳ нарасиданд ва намерасанд.
Шамил Назарзода - таҳлилгар