​“Шикорчиёни бетӯъма”

Дар ҷомеа овозаю хабарҳое паҳн гашта истодаанд, ки иддае аз нафарони ватангадову хиёнатпешаи наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабириву ҷонибдорони думраву чоплусаш, аз қабили Муҳаммадиқболи бешарафу Сайидюнуси қассоб ва дигарон майли шикор ва интиқом аз воқеият доранд. Бо мақсади қонеъ гардонидани нафсонияти вуҳушмиҷози хеш бо дастури хоҷагони маблағгузори хориҷӣ нақшаҳои гуногунро тарҳрезӣ карда истодаанду хоҳиши амалгардонии онҳоро доранд. Мехоҳанд дар бешазорҳои беканори Аврупо таҷрибаҳои “шикор” кунанду баъдан онро дар ҳудуди зодгоҳи модариашон татбиқ намоянд. Лек, бехабаранд, ки ҳамеша “чоҳкан зери чоҳ” мешаваду ҳеҷ давру замон “собиқаи шикор”- и онҳо дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ба кор нахоҳад омад. Зеро, мардуми соҳибистиқлоли диёрамон аз иғвою дасиса, буҳтону палидиҳои наҳзатиён огоҳу бохабар ҳастанду ҳаргиз намегузоранд, ки тухми нопоки ниятҳои муғризонаи онҳо дар хоки муқаддаси кишвар неш занад. Шукронаи сулҳу оромӣ, суботу устувории соҳибихтиёрӣ мекунанду дар атрофи роҳбарияти олии кишвар сарҷамъу якдиланд. Эътимоди қавӣ доранд, ки сиёсати одилонаю оқилона, азми созандагиву бунёдкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи пешрафти ояндаи пурсафои Ватан асту ҳар як фарди бонангу номус дар ин равандҳои ояндасоз саҳмгузор мегардад.

“Шикору интиқомгири” – ҳои Кабириву ҳаммаслакони ландаҳураш бо бешазори Аврупо маҳдуд мегардад. Ҳатто, итминони комил дорем, ки бо сабаби номуваффақии “шикор” ҷамъинаҳзатиён боиси сарзанишу латукӯби хоҷагони хориҷиашон мешаванд. Зеро, Парвардигори бузург саробони мардуми ободкору созанда асту ҳеҷ давру замон муғризонро ба мақсади нопокашон намерасонад. Танҳо ҳайфи умри бекораи гузаштаи нафаронест, ки гумроҳу фирефтаи ғояҳои ифротии наҳзатиён мешаванду онҳоро рӯзи маҳшар ҷазои сазовор дар ҷаҳаннам интизор аст.

Аз насли наврасу ҷавонони Ватан даъват менамоям, ки худро аз садоҳою суханҳои наҳзатиён эмин нигоҳ доранду неруи худ ба созандагию бунёдкорӣ равона кунанд. Иншоолоҳ “шикор”- и наҳзатиён чун саҳнаи масхарабоз дар ҷомеа боқӣ мемонаду “бе тӯъма” дар бешазори анбӯҳ сарсону саргардон ва гумном хоҳанд монд. Яъне, баръакси мақсади нопокашон худи онҳо “тӯъма” – и дарандагони ваҳшӣ мешаванду ҷомеа аз ин палидҳо поку беолоиш мешавад.

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ