Изҳорот: Иззат Амон туҳматгари номуваффақ
Ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки қариб 20 соли охирИззат Амон худро дар Федератсияи Русия ҳимоятгари муҳоҷирон эълон ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худро гӯё бо корҳои хайрхоҳонааш ташвиқу тарғиб менамуд. Тавре аз расонаҳои иҷтимоӣ маълум аст Иззат Амонро то ҳол ғайр аз худ ва чанде аз пайвандонаш каси дигаре дар бораи фаъолият ва хизматаш ҳарфи хуб ба забон намеорад, аз худ чунин шукӯҳу шаҳомат намоиш медиҳад. Маълум аст, ки ин тоифа барои мағзҳои пучи ҷавони муҳоҷирро пур кардан бо як қанди маккак онҳоро ба роҳи нодуруст равона мекунанд. Бо дурӯғ аз хизматҳои худ ном бурдан гумон аст, ки дар ҷомеа шахси шинохта шавӣ. Тавре маълум аст, айни замон дар Москва садҳо нафар аз шаҳрвадони мо дар муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд ва метавон гуфт, ки аксари онҳо бо ин дасисабоз робита надоранд.
Як муддат дар байни мардум барои таъсис доднаи як ҳизби бебарнома ба корҳои тарғибу ташвиқ машғул буд. Солҳои пеш ин нафар дар шаҳри Москва барои ташкили як иттиҳодияи ҷиноятӣ ташаббус намуда буд ва хушбахтона барномаҳои тарҳрезинамудаи ӯ амалӣ нашуд. Аз суханрониҳояш маълум мешавад, ки ақидаҳои муҳоҷиронро бар зидди пешрафт ва рушди Тоҷикистони навинравона месозад. Чанд тан аз муҳоҷироне, ки ба ӯ пайравӣ мекунанд аз насл ва авлоди худаш буда, дар онҷо бештар ба пайвандони худаш кӯмак мерасонад.Хушбахтона ин орзӯи ӯ ва пайравонаш ҷомаи амал напӯшид. Дар баромадҳояш аз пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста танқид мекад ва ҳамаи гуфтаҳояш бӯи бӯҳтон дошт.
Ахиран мақомоти Русия барои сохтакорӣ Иззат Амонро дастгир ва ӯро аз ҳаққи шаҳрванди маҳрум маҳрум намуд, ки айни муддааост.
ШАҲРЗОДИ БАҲОР