Ҳар хиёнаткорон ҷазои худро дорад
Чуноне, ки ҳамагон медонем дар давраи ҷаҳонишавии босуръатяк тоифа қудратҳои манфиатҷӯ дар зери ниқоб барои ҳадафҳоиғаразноки худ байни ҷомеаи орому осуда бо қалбҳои нопоки худ баин раванди пуртаъзоди ҷаҳонишавӣ таъсири манфии худро расонидаистодаанд. Бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои мухолиф дар замони муосир ҳамчун яроқ аз ҷониби ташкилотҳои ифротӣ истифода шуда, ҷиҳати ба сомон расонидани ҳадафҳои ғализи ғайриинсонии онҳо хизматмекунад ва бо ин хизматҳояшон бар ивазаш чанд маблағи ночизмегирад. Дар мисол мо метавонем ташкилоти террористии собиқҳизби наҳзати исломро низ ба мисол орем, ки дар Аврупо зери фармони ниҳодҳои давлатии исломӣ чуноне,ки дида истодаем кормекунанд ва нанговараш дар он аст, ки миллату Ватани худро бо дутангаи ночиз мефурушанд. Хиёнаткор, ватанфурӯш, бегонапараст саркардаисобиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд тан атрофиёнаш, ки аз дур истода ба Ватани азизамон ва ҳамватанони худ хатар эҷод мекунад. Чуноне ки азсомонаҳои интернетӣ бохабарем Муҳиддин Кабирӣ баъди ба Аврупо рафтан бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш номи ҳизби мазкурротағйир дода, фаъолияти иғвоангези худро идома дода истодааст вадар туъмаи ҳайвонсифатиаш ҷавонони ноогоҳи тоҷикро бо найрангиҳои худ ба гуруҳҳои тундрав ҷалб карда аз онҳо террористомода мекунанд. Ин роҳбарони хиёнаткори наҳзатиён чанд сомонаҳои ғайрирасмиро ташкил кардаанд, ки ҳадафи онҳо тарғибиғояҳои зиддимиллӣ ва бад кардани сиёсати пешгириффтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мардум мебошад. Дар сомонаҳои ғайрирасмии худ ба ғайр аз ноором кардани мафкураи ҷавонон ба ҷуз халал эҷод кардан ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори дигар надоранд. Ин палитони ҷомеа дар сомонаҳои ифротиашон мақолаҳои дурӯғу беасосро нашр намуда,мардумро ба тарс ва таҳлука меандозад. Халқи тоҷик саҳифаҳои талхи солҳои 90-умро ки ҷанги бародаркуш ҷомеаро ноором кард, ҳеҷ вақт аз хотираш фаромӯш намекунад.
Имрӯз дар ҷомеаи ором ва кишваре, ки сулҳу субот абадӣ аст ва ҷавонони мо низ ҷавонони солҳои 90-ум нестанд, ки дар ғафлат бимонанд. Қайд кардани ҳастам, ки ба хиёнаткорон ва Тоҷикистони имрӯза дигар Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Мо ҷомеаи солим, миллати сарбаланд як нерӯи пурқудратем ва бар зидди тамоми амалҳои зишти хиёнаткорон шадидан мубориза мебарем.
Диловар Акбаров - журналист