​Хоинро Ватан намебахшад ва ҳам хоин лаънатшудаи халқ аст...

Марди бошарафе боифтихор аз шуҷоат ва ҷасорат ва садоқадмандии хеш ба ВАТАН, ба МИЛЛАТ ва ба ХАЛҚ ба пайвандонаш нақл мекунад...

Аммо марди хоин, на! Ҳеч гоҳ хоини ватан ва миллат ва халқ ифтихор надошта ва надорад. Ва ҳам дар зиндагиаш чизе надорад, ки боис ба хотирасозӣ бода ва нақл кардан дошта бошад ва шунидан барои пайвандон арзиш дошта бошад... Хоин ҳазор ранг дошта бошад ҳам, сартопо худро бо ҷавҳар орояд ҳам, боз хоин, хоин мемонад...

Инсони худогоҳ ва бошараф ҳамеша дӯстдори миллат ва ватани хеш буда,ба корҳои неку савоб иқдом менамояд ва бо ин роҳ ба пешрафти сатҳи зиндагии хеш ва ҷомеа взаминаи мусоид муҳайё карда, дар тараққиву гул-гулшукуфоии меҳанаш нақши бориз мегузорад. Ин гуна инсонҳо воқеан ҳам шаҳрванди фахрии ҳар миллату давлат ба шумор мераванд. Дар ҷомеаи мо дар баробариинсонҳои боғайрат ва некравиш ҳастанд инсонҳои бешараф ва касиф ва палид, ки ҳамеша кору амалашон харобкардану харобиоварӣ асту хиёнат ба миллату давлату халқу ватан... Мутаассифона ин гуна разилони сиёҳкунандаи шарафу номус дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам дар ҳама нукоти ҷаҳон ба чашм мерасанд. Хушбахтона дар ин баробар инсоният алами шарафу садоқат ва нангу ориятро рост намуда, ҳамеша мекӯшад то ин гуна инсонҳои ноқобилро чун ҳашаротҳои зараррасон несту нобуд карда бошад...

Миллати тоҷик яке аз миллатҳои тамаддунофари ҷаҳонӣ эътироф гашта, ки на ҳар миллат ин гуна таърихи хуршедиро дорост. Аммо бисёр иттифоқ афтода, ки дар баробари тохтутозҳои аҷнабӣ, инчунин аз дохил ду-се бешарафе, касифе, ҳаромзодае... бо худбохтанҳову худфурӯшиҳо ва манфиатҷӯйиҳову бегонапарастиҳо шуда, ба сари миллат ва халқи бошарафи тоҷик дардҳову ранҷҳоро чун борон рехтаанд, ки инро таърих дар хотираи худ дорад. Ва ин гуна касифонро дар ҳама ҷо бо сиёҳӣ ва бадӣ сабту ёд хоҳанд кард... Марг бар хоинони ватану миллат!

Имрӯз ҳам мутассифона “гургзодаҳо”-и абадулдаҳр рӯсиёҳ дар ҷомеаи мо мушоҳида мешаванд, ки дар ҳар кунҷи дунё аз ватан берун сукунатбо пули хоҷагонашон ихтиёр намуда, чун тӯтии шакархоҳ машқи сухан мекунанд. Миссияи ин лӯхтакони намоишномаҳои сохташуда рӯзе мерасад, ки барои лӯхтакбозон анҷом мепазирад, аммо рӯсиёҳиву хиёнаткориҳои онҳо ҳамеша дар ёди таърих хоҳад монд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ