Қадам ба қадами бепои қадам
Пеш аз он, ки оиди ҳизби наҳзати ислом ҳарф занем бояд бидонем, ки он дар куҷо ва аз ҷониби кӣ таъсис ёфтаасту мақсади онҳо чӣ аст.
Яке аз равияҳои кӯҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “ҷомеаи бародари исломӣ” баҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии “Ихвон-ул-муслимин” ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки ба қавли пешвоёнаш Ҳасан-Ал-банно ва Саид Қутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Ба ин хилофат Қуръон ва суннат бояд ба марҷоати ягонаи танзими ягонаи зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъиятӣ ва давлатии мусулмонон табдил ёбад.
Тибқи принсипҳои “Ихвон-ул-муслимин”, ҳадафи якуми онҳо шариат бояд танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Мақсади дуюми онҳо муттаҳид намудани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саро сари ҷаҳон мебошад. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ бюайни равияҳои исломӣ чун ваҳҳобия, ал-қоида, салафия, ҳизби таҳрир фаъолияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Ин равияҳо барои расидан ба мақсади худ аз усулҳои хоси худ, махсусан ба усули “қадам ба қадам” истифода мебаранд, ки принсипи асосии он инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; исломисозии ҷомеа ва даъват “аз боло”; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.
Ин гуна ихвонҳо дар замони мавҷудияти худ дар кишварҳои гуногун ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъсис доданд. Онҳо барои расидан ба мақсади худ дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷӯён, бонкҳои исломӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ ва марказҳои туристӣ ташкил дода ба ин васила созмонҳои миссионерӣ, мазҳабӣ хайриявӣ ва молиявии исломӣ ташкил дода зери назорати худ медароранд. Ҳизби наҳзати ислом низ давомдиҳандаи ин амл буда бо пешвои хоинаш ин корро давом дода истодааст.
Чуноне, ки тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳи пайдо намудем зимни суханронии худ раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ дар «Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм» ки санаи 18-уми феврал дар Афғонистонбаргузор гардид дар қатори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ), «Ансоруллоҳ»-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро (ҲНИТ) низ ном бурд.
Хуб шуд, ки фаъолияти ин ҳизби хонасӯс дар Афғонистон ҳам маҳкум карда шуд. Мо тарафдори оне, ки фаъолияти ин ҳизб дар тамоми рӯи ҷаҳон маҳкум карда шавад.
Биоишаи Назар