Бо терроризму экстремизм якҷоя мубориза мебарем!

Муҳимтарин дастоварди таърихи навини тоҷик ин Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва густариши сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад.

Маҳз ҳамин буд, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба арсаи байналхалқӣ ворид гардид ва обрўву нуфуз пайдо намуд. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи мамлакатҳои ҷаҳон пазируфта шуда истодаанд.

Яке аз проблемаҳои глобалие, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ин терроризму экстремизми динӣ ба шумор меравад. Дар ҷамъияти имрӯза гурӯҳҳо ва шахсиятҳое вомехуранд, ки ақидаҳои ғаразноки худро барои дар байни давлатҳо низоъ андохтан, паҳн мекунанд ва бо чунин амалҳои худ мардуми осоиштаро халалдор месозанд.

Тоҷикистон бо бисёр мамлакатҳои дуру наздик, хосатан Ҷумҳурии Афғонистон робитаҳои зичи дўстона дорад ва дар доираи муносибатҳои дўстона дар соҳаҳои гуногун вобаста ба ҳуқуқи байналхалқӣ, шартномаҳои баимзорасида тамоми вазифаҳое, ки дар дўш дорад, иҷро мекунад.

Ин муносибати дўстонаи халқҳои Тоҷикистону Афғонистон аз қадимулайём густариш ёфта, хосатан дар давраи истиқлолият тараққӣ карда истодаанд ва набояд ақидаҳои гуногуни иғвоангези ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ҲНИ ба ташаккули муносибатҳои ин давлатҳо халал расонад. Бояд мо ҳамаҷониба барои сулҳу осоиштагӣ бо терроризму экстремизм мубориза барем ва он ашхосе, ки нисбати давлат ақидаҳои ғайриқонунӣ анҷом медиҳад бояд аз тарафи қонун ҷазо дода шавад.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ