Одамиро андеша зебад
Пандемияи бемории сироятии коронавирус дар саросари сайёраи Замин ва пайдо гаштани штаммҳои нав ба нави он дар натиҷаи мутатсияи табиӣ ҳамаи ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Олимону муҳаққиқони вогиршинос дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ аз осеби ин бемории марговар талош намуда вояҳои махсуси муҳофизатӣ – ваксинаҳои мувофиқ ихтироъ кардаанд, ки теъдоди онҳо торафт афзуда истодааст. Гарчанде, ки таркибу усулҳои кашфи онҳо гуногун бошанд ҳам, таъиноти умумии ваксинаҳо дар баланд бардоштани қобилияти организм барои муқовимат бар зидди вируси сироятӣ мебошад. Мебояд зикр кард, ки ҳамаи тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ – аз безараргардонии мавзеъҳои ҷамъиятӣ то кашфу истеҳсоли ваксинаҳо чораҳои маблағталабанду давлатдорон баҳри ҳифзи саломатии ҷомеа хароҷоти онҳоро таъмин намуда истодаанд, ки зарбаи таъсиррасон ба иқтисодиёти ҳамаи кишварҳост. Вале, саломатии аҳолӣ болотар аз ҳамаи неъматҳои иқтисодӣ асту давлатдорон кӯшиш намуда истодаанд, ки ҳам амнияти саломатии мардумро таъмин намоянд ва ҳам сатҳи иқтисодии аҳолӣ коҳиш наёбад.Барои расидан ба ин ҳадафҳо мебояд эмгузаронии оммавии аҳолӣ амалӣ карда шаваду соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо низоми муайян фаъолият баранд. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эмгузаронии ҳатмии аҳолиро бо ваксинаҳои зидди коронавирус зарур шуморида зиёда аз 3 миллион вояро аз мамлакатҳои хориҷӣ харидорӣ намудааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз шаҳрвандонамон дар такя бо хабарҳои беасоси шабакаи Интернет, балвогарони дохилӣ ва манбаҳои беэътимод бовар карда аз гирифтани ваксина худдорӣ ва ҳатто муқобилият намуда истодаанд, ки нишонаи бемасъулиятӣ ва кӯтоҳандешии онҳост.
Нафаре, ки ваксина намегирад, чун душманест, ки мехоҳад ба ҷомеа зараре раслнида бошад. Зеро, ӯ дар андешаи хатар ба ҷони худ, хатари воқеӣ ба аҳли пайвандону ҷомеаи солимро сарфи назар менамояд. Ҳоло аксарияти нафарони сироятёфта ба ин бемории мудҳиш оризаҳои аёни зоҳириро намоён намекунанд ва худ намедонанд, ки беморанд ё на Аз ин лиҳоз, метавонанд манбаи паҳншавии беморӣ гарданд. Илоҷи ягонаи рафъи хатар дар эмгузаронӣ асту халос !
Дар радифи нуктаҳои зикрёфта аз ҳамватанони худ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки гирифтани ваксинаи зидди коронавирусро ба таъхир нагузоранд. Саломатии худ, алалхусус наздикони худ ва ҷомеаро ба хатар нагузоранду ҳарчӣ тезтар ваксина гиранд. Андешаи саломатии пайвандон, хусусан падарону модарони калонсол кунанд. Вагарна, натиҷаи кӯтоҳандешӣ танҳо пушаймонӣ хоҳад буд, зеро “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” гуфтаанд, ки ҳақиқати маҳз аст.
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология