Кабирӣ “рисолат”-и ватанфурӯширо пеша кардааст
Соли оянда 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, ки барои ҳар сокини ватандӯсту хештаншиносӣ кишварамон санаи таърихиву хотирмон аст.
Дар зарфи се даҳсола Тоҷикистон аз як кишвари оғӯштаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисодиёту иҷтимоиёташ дар ҳоли сукут буд, тамоми ноҷуриҳои замонро паси сар карда, ба як давлати аз ҳама лиҳоз пешрафта табдил ёфт.
Дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ бешумор буда, он тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегирад. Муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардани сулҳ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он даст ёфтем. Нодиртарин арзиши зиндагӣ ва муҳимтарин муваффақияту комёбии замони соҳибистиқлолӣ низ дар ҳамин аст. Зеро тамоми пешрафт ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз пойдории ваҳдат ва соҳбихтиёрӣ маншаъ мегиранд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи ин арзишоти миллӣ пайваста талош ба харҷ медиҳад. Мардуми кишвар низ арзиши сулҳу оромиро ба хубӣ дарк мекунанд ва дар ҳизи он пайваста дар кӯшишанд. Вале тоифае вуҷуд доранд, ки ин дастоварду пешрафти беназир ва арзишҳои волои зиндагиро дидан намехоҳанд. Онҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон таҳти партавафшонии парчами сулҳу ваҳдат пеш равад. Муҳиддин Кабирӣ яке аз чунин афрод аст, ки риолати ватандориро ба ватанфурӯшӣ иваз карда, хушбахтиву сарбаландии мардуми кишварро чашми дидан надорад.
Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат, ки Кабирӣ роҳбарияшро бар дӯш дошт, як замон ҷангу ихтилофро дар кишвар ба вуҷуд овард. Маҳз ҳамин наҳзатиён буданд, ки ба сари миллат бадбахтиҳои бешумор оварда, Тоҷикистони тозаиқлолро чанд сол аз рушду нумӯъ боз доштанд. Онҳо аслан душман истилол ҳастанд. Ҳадафашон барпо кардани давлати исломиву хилофат дар Тоҷикитон аст, ки инро ҳеҷ кадоме аз мардуми кишвар хостор нестанд. Вале Кабириву ҳаммалаконаш мехоҳанд ҳадафу нақшаҳои худро зӯран сари мардум таҳмил кунанд. Барои амалӣ кардани ин ҳадаф онҳо аз усулҳои гуногун истифода мебаранд, ки дар назари аввал дарку фаҳми онҳо барои наҳама кас муяссар мешавад. Масалан, ин тоифа ҳамеша таҳти шиори озодиву демократия амал карда, ҳадаҳои аслии хешро зери коса пинҳон мекунанд. Аммо инсони ҳушманду закӣ ба хубӣ дарк мекунад, ки мақсад аз ҷорзанҳо чист. Сониян, ташкилоти паймони бо ном миллии онҳо, ки аслан мисияи ҳизби наҳзати пешинро иҷро мекунад, барои амалӣ гардонидани нақшаву ҳадафҳо аз дастгрии бархе кишвару гурҳҳои ҳавасманд бархурдор буда, барои таблиғи ғояҳои сӯзандаи хеш аз усулҳои нави техникӣ фаровон истифода мекунанд. Ба роҳ андохтани чандин сомона ва шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ аз ҷониби ин гурӯҳ ба хотири мағзшӯӣ аст. Барои ин амал ба Кабириву хоҷагони хориҷиаш зархаридони дигар, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддину дигар ватанфурӯшон кӯмак мекунанд. Муҳаммадибол, ки аз хулосаи навиштаҳош дониши сатҳиву фаросати комил надорад, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пайваста ба бадномкунии давлату миллаташ машғул аст. Аниқтараш ин гурӯҳ дастгоҳи дурӯғу тӯҳматбофӣ ихтироъ карда, сари чанбраки он қарор доранд.
Мардуми ҳушманду боиродаи тоҷик ҳеҷ гоҳ ба бофта, дурӯғ ва туҳматҳои бепояи ин тоифа бовар намекунанд. Ин амали ватанфурӯшонаи онҳо иснод ба худашон дорад. Амалҳои разилонаи онҳоро таърих фаромӯш намекунад.
Абдуҷабборова Роҳат Абдувоҳидовна муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ