​Изҳорот: Муҳаммадиқбол ва саргузашти ӯ

Ҳар як нафар аз гузаштаи худ меболаду ифтихор мекунад. Аз санаҳои хотирмон, лаҳзаҳои хуш, муносибати дӯстона ва дигар ҳодисаҳои фараҳбахш ёд мекунаду ҳаловат мебарад. Як лаҳза ҳам бошад, аз умри гузаронидаи худ қаноатмандонасар меҷунбонаду хурсандии худро зери лаб тараннум менамояд. Ин ҳодиса ба нафароне воқеӣ, инсонҳои заминиву замирӣ, ҳақҷӯёни ҳақталошони ростин рух медиҳад. Ин одамон дар ҷамъият низ обрӯву эътибори хоса доранд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин тоифаи мардум ҷамъиятро аз пушти худ ба сӯи инсонияту одамият мебаранд ва дар роҳе, ки онҳо интихоб намуданд, ягон зарра душманиву адоват вуҷуд надорад. Аммо афсӯс, ки дар муқобили чунин нафарони огоҳу рӯшанфикр баъзе касоне низ ҳастанд, ки дар либоси одамӣ худро шабеҳи ҳамин гуна нафарон сохта, дар байни мардум ҷилва менамоянд. Қаҳрамони марказии мо низ аз нафарони гуруҳи дуюм аст, ки бо хислатҳои ғайриинсонии хеш мардумро ба таҳлука андохтааст. Ин нафар Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Тавре аз филми мустанади телевизионӣ бар меояд Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз одамони ба истилоҳ беҳайсият ба шумор меравад. Аз нақли шоҳидони собиқ аъзоёни ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар давраи ҷавонӣ Муҳаммадиқболи Садриддин қурбони ҳадафҳои ғайриинсонии падараш шуда, аз дасти қумондонҳои афғонтаҷовуз шуда, номусашро аз даст додааст. Акнун суоле пайдо мешавад, ки ӯ дар ин роҳ гунаҳгор аст ё падараш? Албатта падараш гунаҳкор ба шумор меравад. Зеро дар шароити носозгори ҷангзадаи Афғонистон тақдири фарзанди хурди хешро ба дасти домуллое дода, ҳаёти минбаъдаи ӯро зери суол қарор додааст. Ҳарчанд дар як муддати муайян Муҳаммадиқболи Садриддин баҷои зани қумондони афғон Ғулом шаҳвати ӯро паст сохтааст, аммл таври худи ҳаммаслакони падараш таъкид кардаанд, ӯ ин корро баъдан низ идом адода, падарашро итоат намекардааст. Имрӯз, ки падари ӯ аз доғи фарзандаш дар хоки ғарибӣ дафн шуд, ба умеде, ки як рӯз фарзанди вай Муҳаммадиқболи Садриддин аз ин роҳи беҷо бар мегардад, ҳайҳот, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳуҷҷатҳояш ин беҳайсиятиашро сабт карда, аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ паноҳгоҳ ҷуста, дарёт кардааст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, аз исломҳарф мезанад ва исломро ҳамчун байрақ корбаст менамояд. Акнун мардуми азизи Тоҷикистон худ қазоват намоед? Дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӣ чӣ мегӯяд ва ӯ кист? Мо ба чунин нафарони занмизоҷ ва таҷовузшуда эътимод карда метавонем. Ин суолест, ки бояд ҳар кас ба худаш диҳад ва саволашро аз рӯи виҷдонаш ҷустуҷӯ намояд.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ