Эълон: “Армуғони навроҳони илм” нашр мешавад!

Шуъбаи магистратураи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати дастгирии магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон аз руи равияҳоитабиӣ-риёзӣ ва ҷомеашиносӣ дар нашри натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати онҳо аз санаи 01.12.2020 ба маҷаллаи илмии магистрантон таҳти унвони “Армуғони навроҳони илм” №7 қабули мақолаҳои илмиро мутобиқи мавзӯи рисолаҳои магистрӣ эълон менамояд.

Талабот ва шартҳои қабули мақолаҳо:

Мақола дар барномаи Microsoft Word (*doc, *docx), шакли А4;

Ҳамаи ҳошияҳо – 2,5 см, ҳуруф: Times New Roman Tj, андоза – 14, фосилаи байнисатрӣ – 1,5 воҳид;

Дар матн ҷой додани расмҳо, ҷадвалҳо, графикҳову суратҳо иҷозат дода мешавад.

Номи мақола дар болои саҳифаи аввал, дар мобайн, бо ҳарфҳои сиёҳи сарлавҳавӣ, поёнтар аз он дар фосилаи 1,5 воҳид ному насаби муаллиф оварда мешавад. Баъди номи мақола вожаҳои калидӣ, дар охири мақола бошад, чакида ва баъди он пайнавишт оварда мешавад. Пайнавишти овардашударо дар матни мақола ҳатман иқтибос дода шавад.

Мақола аз барномаи “Антиплагиат” гузаронида шуда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо тақризи роҳбарӣ илмӣ қабул карда мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ