​Дарси кушод: Нигоҳе ба насри муосири форсӣ

Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи "Насри муосири форсӣ" барои донишҷӯёни курси сеюм дарси кушод гузаронида шуд.

Он бо роҳбарии устоди кафедраи адабиёти муосири тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Субҳони Аъзамзод ҷараён гирифта, паҳлуҳои насри муосири адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва заминаҳои ташаккули он мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор дода шуд.

Дар рафти дарс донишҷӯён низ иштироки фаъолона дошта, байни ҳам табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ