Изҳорот: Сомонаи“Ахбор” -расонаи иғвоангез
Солҳои охир дар фазои иттилоотии тоҷик сомонаи“Ахбор. ком”, ки фаъолияташ аз дурӯғу буҳтону иғвоангези беше нест фарогир асту сарварии онро журналисти “ҳақгӯ” оқои Мирзои Салимпур ба ӯҳда дошт, ки саропо ҳар як амалаш зархариди хоҷагони хориҷӣ буданашро инъикос менамояд. Гӯиё ҳар як маводи дар ин расона чоп мегардида, ҳақиқатро боз менамуда бошаду бо ҳар як мақолаву таҳлилоти худ чашми мардуми шарифи Тоҷикистонро боз менамуда бошад... Эй “ҳақпараст” бештару пештар бонг мезанӣ, ки ба касеву чизе кор надорӣ ва танҳо барои ҳақ гуфтан мекӯшӣ... вале, дар нигоштаҳои ин расона мо ба ҷуз таҳдиду талқини наҳзатиён ва ё маводҳои ифротӣ дигар чизеро мушоҳида карда намешуду... магар ки дар мақолаи ҷамъбастии худ оқои Салимпур таъкид мекунад, ки “Сомонаи “Ахбор”, тавре ки бархе “генералҳои лаби об”-и мо гумон мекунанд, оппозитсия набуд, ки ҳадафаш барандохтани ягон ҳукумат ва овардани ҳукумати дигар бошад, дар хидмати ягон гуруҳ ҳам набуд. Мақсади мо фақат ислоҳи ҷомиа ва расондани ахбори дурусту алтернативӣ ба мардум буду халос. Берун аз рисолати журналистӣ ҳадафи дигар надоштем.” савол: Чаро? Наход ҳамаи он пешравию тараққиёти кишварро шумо журналистон бо чашми таҳқир мебинед ё барои ҳаводорони худро гумроҳ намудан, маводи “ҳангомаомез”-и аввалин шуда, манзур намудан амал менамудед ва ё баҳри “лаббайк” гуфтан бар хоҷагони худ мекӯшидед?
Маълуми ҳамагон аст, ки Суди Олии Тоҷикистон бо қарори хеш аз 15 феврали соли 2020 сомонаи “Ахбор”-ро ба рӯйхати сомонаҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ворид кардааст, хуб кардааст! Зеро аз расонае, ки ба хонандаи худ танҳо маводҳои ифротиву иғвоангез манзур менамояд, фаъолият набояд кунад. Аслан расонаҳо танҳо барои маълумот ва ё маводеро ба нафаре расонидан аст, барои осон намудани корест, на ин ки туҳмату буҳтон ангезад!
Мардуми шарифи тоҷик дигар он гумроҳе нест. Хуб медонем, ки бегонагии мо ҳаморо пора-пора кардаву саморо беситора намуда буд... Халқи азияткашида, акнун рисолати худро ба даст гирифтаасту ҳуввуияти миллиашро дигар бора аз даст нахоҳад дод!
Шарифзода М.