“Тарки одат амри маҳол” андешаҳо атрофи хоини миллат М.Кабирӣ
Фосиқ касест, ки дар ботини ӯ фисқу фасод, дурӯҳу бӯҳтон, фитнаву кина, мунофиқиву лоф, хиёнату паймоншиканӣ, хуллас қулли хислатҳои бади инсонӣ ҷой доранд. Таҷрибаи рӯзгор ва таърихи чандинасраи ҳаёти инсонӣ собит намуда, ки чунин ашхос дар ягон давру замон ҳаёти орому осударо аз сар нагузаронида, агар умре бардавом дида бошанд, бо заҳри ҳалоҳили зиндагӣ, дур аз ёру дӯстон дунёро тарк менамоянд.
Чунин касонро дар симои саркардагон ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзат мебинем. Эшон, ки мақсади асосиашон ситезидан ва ба даст овардани ҳокимият бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷиашон аст, пеш аз ҳама манфиатҳои шахсии худро аз ин стратегияи ҳизбиашон боло мегузоштанд. Ин ашхос бо роҳбарии Кабирии аз баҳри Ватану миллат, аҷдодони худ гузаштаву ғуломи хоҷагони хориҷӣ гашта бар сари давлати хеш санги маломат меафкананд. Онҳо дар кишварҳои бегона созмонҳову иттиҳодияҳо ташкил карда, тамоми дастоварду бурдбориҳои Тоҷикистони азизи моро чашми дидан надоранд.
Кабирӣ ва пайравони ӯ андешаи онро надоранд, ки хоҷагони хориҷии онҳо хуб дарк мекунанд, ки ин тоифа имрӯз бо як пайсаи ночиз Ватану миллат ва авлоди хешро фурӯхтаанд ва агар лозим шавад, рӯзе хоҷагони хешро низ мефурӯшанд ва аз дасти онҳо маҳв хоҳанд шуд.
Имрӯз, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони каҷдумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надоранд, ки бо ин усул нафрати миллионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд.
Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ боз аз рӯзгори мардуми кишвари мо камбудӣ меҷӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи С., ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.
Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо — мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки М.Садриддин яке аз онҳост, бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро вайрон созанд.
Аммо онон хеле хато мекунанд. Зеро имрӯз мардуми тоҷик чеҳраҳои аслии ин хоинонро ба хубӣ шинохтааст ва дигарбора ба роҳи фиреби онон нахоҳад рафт. Барои мардуми кишвари мо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, истиқлолият азизу муқаддас аст.
Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбати ҳар як кишвару миллат, новобаста аз қавму нажод анаънаҳои дустиву бародариро эътироф ва эҳтиром менамояд, лек ин эҳтирому хомӯши нишонаи бетарафӣ набуда, мардуми поктинати тоҷик ҳалли масъоили мазкурро дар асоси талаботҳои қонун ва меъёрҳои ҳуҷҷатҳои марбут ба масъоили зикргардидаро ба мақсад мувофиқ медонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони кишвар, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи печидаи ҷаҳони имрӯз, бори дигар таъкид карданд, ки “дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки таффакур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад”.
Гурдофариди Рустам