Изҳороти омўзгорони кафедраи Н ва МТЗМ-и факултети тањсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус
Чанд моҳ аст, ки аксар кишварҳои дунёро вабое бо номи Covid - 19 фаро гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, аз таъсири ин вирус дар канор намонд.
Паҳншавии босуръати Covid-19 тамоми ҷаҳонро ба ташвиш оварда, дар пешгирии ин вирус ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон оҷиз мондаанд.
Густариши ин беморӣ дар давлатҳои пешрафтаву қудратманди ҷаҳон низ нишон дод, ки ҳатто бо пояҳои бузурги моддии тиббӣ, рушди устувори техникӣ монеи афзоиши ин вабои аср шудан ғайриимкон аст.
Коронавирус бо суръати тез дар аксои кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, кишварҳоро ба андозае ғофилгир низ намуд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 - юми апрели соли 2020 аз мавҷудияти Covid - 19 иттилоъ дод.
Ҳукумати кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин навъи вирус тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситодҳои пешгирии касалии сироятии «COVID – 19» фаъолият доранд ва маълумотҳои дақиқро пешниҳод карда истодаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, киштукори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст». Бузургарин имтиёзи мо дар мубориза ба ин вируси хатарнок имконият надодан ба густариши он бо роҳи пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ барои риояи ҳатмии талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз ҷониби ҳар як шаҳрванд доимо истифода бурдани ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти мубориза ба «COVID - 19» аст.
Таҳлили маводи сомонаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби мухолифини кишвар нашр мешавад, нишон медиҳанд, ки мӯҳтавои аслии матлабҳо аз таҳриф сохтани воқеият, пешниҳоди ахбори бардурӯғ ва иғвоангез иборат буда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ва норозигии аҳолӣ нисбат ба сохти конститутсионии давлат равона карда шудааст.
Гурӯҳҳои ғаразнок, ки ба онҳо душманони миллат, баъзе бо ном коршиносони мустақилу расонаҳои «озодбаён» шомиланд, аз ин вазъият низ ба манфиати худ суистифода карданд. Акнун чор мезананд, ки гӯё бо пофишориҳои онҳо ҳукумат маҷбур шуд, ки омори гирифторони коронавирусро эълон кунад.
Агар эътибор дода бошед, дар баробари ошкоршавии коронавирус дар Тоҷикистон роҳбари паймони зиди миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳо, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ серпайдо шуд.
Аз ин лиҳоз хуб мешуд, ки шаҳрвандон сомонаҳои расмӣ ва манбаъҳои боэътимодро бештар мутолиа намоянд ва хулосаи дуруст бароранд. Чуноне мегуянд:
Неши каждум на аз барои кин аст,
Балки муқтазои табиаташ ҳамин аст.
Табиати хоинони миллат низ чунин аст, ки бо иғвову дасиса миёни мардум тухми адовату бадбиниро коранд. Аммо тири ин афрод ба нишон нахоҳад расид, зеро мардуми сарбаланди тоҷик душманони миллатро хуб мешиносанд.