Андешае чанд аз барномаи Иқболи беиқбол доир ба мавзӯи Ворух

Сарвари давлат дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд ба шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Ворух ташриф оварда, барои гулгушукуфии ин гушаи зебоманзари кишварамон шукӯҳу таровати нав бахшиданд. Мардуми меҳнатдӯсти ин макон Сарвари давлатро бо омодагии ҷиддӣ ва дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтанд. Сафари кории Президенти мамлакат дар ин минтақа дар ҳоле сурат гирифт, ки доир ба баҳси сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт ва гуфтушуниди роҳбарони воломақоми амниятии ду кишвар бе натиҷа анҷомид.

Баъди пешниҳоди ғайричашмдошт, фитнаангезона ва бемантиқи раиси амнияти Қирғизистон Қамчибек Ташиев доир ба иваз намудани Ворух, душманони миллат ба монанди Кабириву Муҳаммадиқбол ва баъзе нохалафони дигар барои барномаҳои аҳримании худ мавзӯи навро пайдо намуда, барои мардумро ба нофаҳмиву гумроҳӣ бурдан кӯшиш намуданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо мардуми ҷамоати Ворух ҳақиқати ҳолро чунин шарҳ доданд: “Масъалаи иваз намудани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад!”. Инчунин таъкид карданд, ки 19 соле, ки масъалаи муайян намудани сарҳад бо Қирғизистон идома дорад, ҳудуди Ворух марзи баҳсӣ набуд, ҳама гуна овозаҳо беасос ва бемаврид мебошанд. То имрӯз 519,9 км.2 марз рақамгузорӣ карда шудааст, Ҳукумати Тоҷикистон барои муайян ва мушаххас намудани қисмати боқимонда, низ кӯшиш карда истодааст ва ҳар бор худи қирғизҳо барои ҳалли ин масъала монегӣ ва баҳонаҷӯӣ менамоянд. Ин суханҳои Сарвари давлат ҷавоби мушаххас ва раднопазир ба намояндаи воломақоми давлати ҳамсоя ва иғвогарон ба монанди Иқболи беиқбол, Шавкати Муҳамадӣ ва дигарон мебошад.

Аммо баъди ин мулоқот низ Иқболи бетамизу бадхоҳ дар барномаи ифротии “ислоҳ.нет”-аш, боз ҳарзагӯӣ мекунад, кӯдаквор ё девонавор баҳонаҷӯӣ мекунад ва бешармона, давлату ҳукумати моро дар қазияи сарҳадӣ айбдор кардан мехоҳад. Аламовараш он аст, ки дар ҷараёни барномааш ин палид наворҳои суханронии кадом рӯзноманигори қирғизро гузошта, Ташиевро “қаҳрамон” месозад, гирдиҳамоӣ ва табаддулотҳои беохири халқи қирғиз ва тез-тез бо роҳи зӯроварӣ иваз карда шудани роҳбарияти ин мамлакатро демократия ва дар дасти халқ будани ҳокимият меҳисобад. Баъди тарғиби чунин вазъ дар давлати ҳамсоя ва онҳоро ҷонибдории рӯирост намудани Иқболбии хоин, чи гуна мардум ба суханҳои дурӯғаш оид ба ғами миллатро хӯрдан бовар мекунанд? Агар ин тӯтии бадсухан заррае ақлу тамиз, имону виҷдон ё хуни тоҷикӣ медошт амалҳои тӯзаҳои бодиянишин, парокандаву якрави қирғиз ва ҳокимияти то ҳол ташаккулнаёфта ва андешаи солим надоштаи онҳоро ба намоиш намегузошт.

Иқболи роҳгумзада баъди Ворухро “хоидан”,шаҳраки Шӯробро ба риштаи сухан кашид, ки ин минтақа маҳз бо айби қирғизҳо ба харобазор табдил ёфта буд ва бо кӯшишу ғайрати Сарвари давлат ва ҳокимияти маҳаллӣ аз нав барқарор гардид, роҳи обе, ки мардуми давлати ҳамсоя солҳо боз баста, корношоям карда буданд, аз нав кушода шуд, кони Шӯроб ба фаъолияти пурра оғоз намуда, сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин карда шуданд.

Ин хоинони нотавонбин аз ҳар муваффақияти халқи тоҷик дар ғазаб мешаванд ва аз хоҷагонашон шаппотию лагат мехӯранд ва бечоравор аз паи кофтукови мавзӯи нав ё баҳонаи нав мегарданд.

Қисми зиёди мардум ба ин тӯдаи шағолҳои лошахӯр умуман боварӣ ва эътимоде ҳам надоранд ва ҳатто намешиносанд, чеҳраи разили онҳоро надидаанд. Аммо аз ҳисоби баъзе шахсони дар кофтукови ҷиноибуда, муҳоҷирони сарҳисоби кори худро гумкарда ва афроди осебпазири дар хориҷ қарордошта атрофи худро пур карда, тавассути чунин барномаву баромадҳои ноҷавонмардона ва хоинона мехоҳанд сафи худро зиёд намоянд.

Имрӯз шаҳрвандони баору номуси кишвар онҳое, ки ба шабакаи интернетӣ дастрасӣ доранд, бояд аз ҳарвақта ҳушёру зирактар бошанд, аз тамошои барномаҳои ифротии хоинон худдорӣ намоянд ва барои фош кардани чеҳраи аслии ин разилон вокунишҳои саривақтӣ ва дақиқро пешниҳод намоянд. Мо шукрона аз он мекунем, ки дар Ватани худ зиндагӣ мекунем, пешравии соҳаҳои мухталифро бо чашми худ мебинем ва саҳмгузорӣ мекунем. Хоинони ватангадо баъди чанд соли фирорӣ гаштанашон, имрӯз зебогии кӯчаву гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳои кишварро дар хобашон ҳам дида наметавонанд. Муҳаммадиқболу Муҳиддин ва дигар лагандбардоронашон беҳудагӯӣ мекунанд, ки рафтору амали онҳо зарбулмасали “уштур ҳаммамро орзу кардааст”-ро ба ёд меорад. Онҳо дигар ҳуқуқи маънавии бо чашми худ дидани сарзамини зебои мо, гулгулшукуфӣ, хушбахтии мардуми Тоҷикистонро надоранд, лекин наздик аст он рӯзе, ки паси панҷараи қонун мегарданд ва барои тамоми амалу рафтор ва гуфтору тӯҳматҳояшон, гумроҳу бадбахт намудани баъзн шаҳрвандони кишвар ҷавоб хоҳанд дод.

Ба хонандаи азиз, махсусан волидайни муҳтарам ва нафароне, ки таълиму тарбияи наврасону ҷавононро дар ӯҳда доранд муроҷиат намуда гуфтаниям, ки рушди технологияи иттилоотӣ, бархӯрди тамаддунҳо, дастрасӣ ба интернет, моҳвораҳо, манфиатҷӯии абарқудратҳо аз давлатҳои мустаъқилу ором, ҷанги иттилоотию сард, рӯирост дастгирӣ гардидани экстремисту террористон аз ҷониби хадамотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ моро водор менамояд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон ва қишри ҷавони ҷомеа аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем, чунки нафаре, ки таълиму тарбияи хуб мегирад, эҳтиомлияти гаравиданаш ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву ифротӣ камтар аст.

Имрӯз тамоми кормандони соҳаи маориф бояд афсарони идеологии давлат бошанд, мафкураи ҷавонон ва наврасонро бо ғояҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, хоксориву таҳаммулпазирӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ пурра намоянд. Бетарафӣ нисбат ба таълиму тарбия ба хушбахтии оилавӣ, зиндагии орому осоишта, ваҳдату субот, мустаҳкамии давлат ва рушди устувори ҳаёти ҷамъиятӣ таҳдид менамояд.

Иброҳимзода Сардор омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ