Ҳифзи Ватану марзу бум шиори мост!
Авроқи таърих гӯёст, ки ниёгонимо аз замонҳои бостон ба кишварҳои ҳамсоя эҳтиром мегузоштанд ва истиқлоли онҳоро ба расмият мешинохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардошт ва даст ба ғорату чаповули мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархӯрди сулҳҷӯёнаву мадорохоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсонии ориёиён покӣ, ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамнавъон буд.
Имрӯзҳо марзи шимолии сарзамини Тоҷикистон камтаре ноорому нигаронкунанда асту миллати ҳамсоя, ки то имрӯз заминҳои мулки тоҷикро макон кардаву мулк сохтаасту аз худ намудаву баҳри бештару бештар соҳибмулк гардидан талошҳои низоъвӣ дорад! Аз ҳар самти марзӣ қирғизҳо кӯшиш доранд, замину молу мулки тоҷикро ғасб намудани мешаванду баҳри дуздиву ғорат марзро убур менамоянд. Ҳодисаи аввали моҳи июл гувоҳи ин гуфтаҳост, ки чанд тан сарбози қирғиз сарҳади ноҳияи Деваштичро убур намуда, баҳри дуздидани чорвои мардуми маҳаллӣ кӯшиш намудаанд. Ана ин аст, ки фарҳангу маданияти қирғизӣ, аввал медузданд, ғорат мекунанд, санг мепартоянду тир меандозанду боз ба ҳамаи ҷаҳонро худро “мусичаи бегуноҳ” мегиранду қурбони муноқишаҳои ҷангии байни сарҳадӣ вонамуд месозанд! Магар ин аз фарҳангу тамаддуни инсониву ҳамсоягист? Ҳаргиз! Тоҷик МАРД асту қудрати марзи худро ҳимоя дорад!
Маълуми ҳамагон аст, ки имрӯз ҳам марзбонони тоҷик ва ҳам мардони шуҷоъи Ватан вазифаи муқаддаси ҳимоятгариро бо сарбаландӣ ба ҷо оварда истодаанд. Тӯли ин моҳҳои пурталотум сарҳадбонони шуҷои тоҷик нишон доданд, ки дар муқобили ҳамагуна хатарҳо устувор ва дар ҳифзи сарҳади давлатӣ аз ҳеҷ як нерӯи дигар кам нестанд, балки бартарӣ доранд.
Бешак, имрӯз ҳам коршиносони умури низомӣ ва ҳам мардуми осоишта эътироф мекунанд, имрӯз сарҳадбонони тоҷик сипари тавоное ба шумор мераванд, ки на танҳо дар ҳифзи марзи кишвари худ камар бастаанд, балки бо хидмати содиқонаи худ оромии дигар кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро низ таъмин месозанд. Зеро маҳз сарбозону афсарони далери мо девори мустаҳкаме сохтаанд, ки то кунун имкон надодааст, то таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Қирғизиситони ҳамсоя ба минтақа роҳ ёбанд.
Шарифзода М.