ДДХ: Сипосномаи Раиси вилояти Суғд ҷиҳати иштироки фаъолона дар Дави миллӣ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иштироки фаъолона дар Дави миллӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Ифтихорномаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷамъбасти маъракаи дави миллӣ ба масъулини донишгоҳ супорид.

Маврид ба зикр аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ санаи 16 май Рӯзи дави миллӣ эълон гардида, дар ин маърака намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ин чорабинии вилоятӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон ба ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар баробари Сипоснома туҳфаҳои хотиравӣ низ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил






МАРКАЗИ ИТТИЛООТ