Изҳорот: Ҳар кӣ кунад ба худ кунад, ба дигарон чӣ суд кунад…
Мо устодони факултети забонҳои шарқи МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров» тариқи телевизион ва шабакаи Интернет филми мустанади «Хиёнат»-ро тамошо карда, бори дигар хулоса кардем, ки душманони миллат барои аз байн бурдани тоҷикон ва давлати миллии мо қодиранд, ки даст ба корҳои зиёдва аз ҷумла даст ба хиёнат зананд. Дар ҷараёни филм маълум мешавад, ки хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ чӣ тавр дар кишвари хоричӣ қарор гирифта, ба ватанфурўшӣ ва хиёнаткорӣ машғул аст. Ин мард, ки худро пуштибон ва ҳомии пайравони ҳизби наҳзат ва ё худ Паймони миллӣ эълон кардааст, қодир аст, ки нисбати онҳо низ хиёнатро раво бинад. Кабирӣ ҳизбашро ҳизби оилавӣ кардааст ва ба ғайр аз аҳли оилаи ў дар Аврупо кассе бо маблағи даркорӣ барои зиндагӣ таъмин нест. Хоҷагони хориҷии онҳо бошанд, пайваста талаб доранд, ки барои дар хоки Тоҷикистон иғво ангехтан кору фаъолият баранд. Албатта, барои он нафаре, ки солҳои тўлонӣ маблағҳои калони хоҷагонашро ба даст меовард, имрўз ҳам ҳамон корро мекунад, то хоҷагонаш розӣ бошанд, аз фитнагарӣ ва дасисаву иғво даст намекашанд.
Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрўз ҳам мехоҳанд, ки вазъи кишварро ноором кунанд. Ба мардум ҳар гунна дасисабозиро раво мебинанд. Барои дастгоҳи таблиғотии наҳзатиёни аврупоӣ ягон чизи муқаддас намондааст, зеро аз дурўғ гуфтан, нодуруст сухан кардан, туҳмат задан даст намекашанд. Гўиё журналистанд, аммо ба ягон принсипи журналистика такя намекунанд. Аслан, чаро такя мекарданд, дар ҳоле, ки вазифаашон фитнаангезӣ ва игвогарӣ аст, аз ҳар роҳу восита истифода мекунанд, то ин ки ба ҳадафи ғаразноки худашон – ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон бирасанд.
Дар филми мустанад доир ба роҳҳои таъмини маблағ барои террористон, гузаштани мактабҳои тамринӣ ва монанди инҳоро дар кишварҳои Эрону Афғонистон нишон додаанд. Муҳим аз ҳма ин аст, ки филми «Хиёнат» дар баробари он ки аҳамияти маърифатӣ дорад, инчунин барои тарбияи солими ҷавонон мадад мерасонад. Зеро дар филм чандин нафар гумроҳзадагон – ҷавонони ба доми фиреб гирифторшуда бо забони ҳолашон мегўянд, ки чӣ тавр иштибоҳ кардаанд ва ба нокомӣ расидаанд. Боз як бори дигар ин филм ҳушдор медиҳад, ки ба разилоне, ки аз номи дини мубини ислом сухан мекунад, бовар кардан лозим нест. Ислом ҳаргиз куштору терроро намехоҳад, баръакс мардумро ба сулҳу тифоқ даъват мекунад.
Бо тамошои се қисми филми мустанади «Хиёнат» ба чунин хулоса омадем, ки бо шогирдон онро дар замони таътил тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима карда, кирдори разилонаи наҳзатиёнро маҳкум менамоем.
Ба хусус доир ба номардиҳои Муҳиддин Кабирӣ ва аҳли оилаи ў ба шогирдон маълумотмедиҳем.
Мо аҳли устодони факултети забонҳои шарқ кирдори хоинонаи Муҳиддин Кабириро сахт маҳкум карда, мегўем, ки худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ!
Устодони факултети забонҳои шарқ