Изҳорот: Ту паси парда чӣ донӣ...

Баъди тамошои филми Хиёнат ҳар каси соҳибақлро як ҳиссиёти ногувору як ларзиши ҷисм фаро мегирад. Пас чӣ бояд кард?! Лаънати Худо бод ба оне, ки хоини Ватани худ аст! Бандааш мумкин мебахшад, лек Худованд чӣ?! Ҳаргиз не!!!

Ноҷавонмардонаву разилона, бе виҷдононаву беистиҳола аз Худованд натарсида,ҳуқуқ и инсонҳоро поймол карда, онҳоро дар нимароҳи зиндаги партофта чунин амалҳои зиштро содир карда, ба болои ҳамаи ин қонуншиканиҳо боз хоинӣ кардан магар аз рӯи инсофу инсонист. Аз ин ҳама бармеояд, ки онҳо аз Худо наметарсанд. Фармудаҳои Расули Худоро зери пой меафкананд. Барои нафси худ ва фоидаи худ фатвоҳои бардуруғ бофтан магар ин мусулмонист?! Асло не!

Месозад, ки Нурию Кабирӣ, Ҳимматзодаву Ҳайит, Саид Қиёмиддину Мирзошариф барин хоинонро, ки Ватан фурӯхтанду мефурӯшанд номашонро таърих бо ҳарфҳои сиёҳ нависад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеъа ва ваҳдати милли доим саъю талош карда, ободии Ватан пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.

Воқеан, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳасоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан саъю талош намояд, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеша гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кушиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона ватани худро ободу пешрафта гардонанд.

Барои расидан ба ин рузи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрванди хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳми сарҷамъ гардида дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Мамадҷонов С.-сармуаллим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ