Қадрияти қаҳрамонон!
Инак зиёда аз шаш моҳ аст, ки мардуми олам ба вабои нави аср-бемории COVID-19 муборизаи беамон мебаранду дар аксарияти мамолик муваффақ ба комёбиҳо шудаанд. Тоҷикистони маҳбуби мо низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи мардуми меҳнатқарини худ аз ин балои ногаҳонӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст, ки боиси коҳиш ёфтани паҳншавии бемории коронавирус дар кишвар шудааст.
Ташкили чораҷӯиҳо нисбати пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии COVID-19 дар такя ба тамаддунун фарҳанги миллӣ ва таҳаммулпазирии аҳолӣ имкон доданд, ки паҳншавии босуръати беморӣ пешгирӣ карда шавад ва табобати шахсони сироятёфта дар бемористонҳо саривақтӣ ва муваффақона роҳандозӣ гардид. Ҳамаи тадбирҳо дар доираи нигоҳдошти вазъи иқтисодии кишвар ва таъмини амнияти озуқаворию саломатии мардум амалӣ карда шудаанд. Хусусан, маҳдуд гардидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳо, қатъи муваққатии раванди таҳсилотдар муассисаҳои соҳаи маориф, татбиқи ҳатмии истифодаи ниқобҳои тиббӣ, воситаҳои безараргардонӣ, коркарди мавзеъҳои ҷамъиятӣ бо маводҳои махсуси зиддивирусӣ ва щайра воситаҳои боэътимоди таъмини фазои осудаи эпидемиологӣ дар кишвар гардиданд. Ҳангомаҳои барзиёди душманони дохиливу хориҷӣ «орду равщанро захира кунед, ки дигар намеёбед», «Тоҷикистон қудрати муолиҷаи бемориро надорад», «бастани дари масоҷиду мактабҳо мақсади дигар дорад» ва ҳоказо суханҳои пучу фачи ботилона буданаш аллакай исбот гардидааст. Имрӯзҳо дар кишвари зебоманзарамон оромиву осудагӣ ва фаҳмиши воқеъии сатҳи беморииCOVID-19 ҳукмфармост. Ҳамаи қишрҳои ҷомеа пурмаҳсулона фаъолият менамоянду истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшакҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Раванди мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва ташкили табобату муолиҷаи саривақтии он исбот намуд, ки дар қатори ҷонбозиҳои ҳукуматдорон табақаи дигари шоиста дар ҷомеаи мо вуҷуд дорштааст, ки инҳо шифокорони ҳозиқи мардум мебошанд.
Дар бемористонҳо ва муассисаҳои дигари тиббии кишвар аз корманди оддӣ то духтурону маъмурони соҳаи тандурустӣ бидуни тарсу ҳарос аз саломатии худ баҳри адои вазифаи муқаддаси кӯшиданду ворисони арзандаи Синои бузург буданашонро исбот намуданд. Онҳо дур аз оилаю манзили зист давоми чандин шабонарӯзу ҳафтаҳо ҷойи кории худро тарк нагуфта баҳри табобати беморон содиқона хизмат намудаанд, ки натиҷаи он аз оромии имрӯзаи ҷомеа ҳувайдост. Беморони гирифтори коронавирусшуда баъд аз шифоёбӣ бо қаноатмандӣ ва шодию фараҳ изҳор медоранд, ки табибон ҳаққонӣ қаҳрамон мебошанд ва шукрона менамоянд, ки маҳз духтурон тавонистанд, ки ҷомеаро аз мубталои азим- COVID-19 раҳоӣ бахшанд. Дар ин радиф ҷоиз аст, ки табибонро қаҳрамонон хонему якояки онҳоро азизу гиромӣ дорем!
Тоҷикистон сарзамини қаҳрамонон буду ҳасту мемонад!
Дастони табибони Тоҷикистону сарашон дардро набинад!
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент