Изҳорот: Зуҳуротҳои номатлубро маҳкум мекунем
Шукрихокат, шукри обат, шукри шому шукри субҳи атрнокат.
Тоҷикистони азизам, модари ҷони азизам, модари ҷони азизам.
Ватаниазизи мо,Тоҷикистон гарчанде давлати ҷавони дунявӣ ба ҳисоб равад, ҳам халқу миллаташ ҳанӯз аз давраҳои куҳан бо маданияту фарҳанги хеш дар ҷаҳон шӯхратёб гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик тамаддунсоз буда, ҳамеша бо меҳнати ҳалоли худ барои ободии макону замон ҷидду ҷаҳд менамуданд. Ҳамчунин барои нигоҳдошти номи худ ҳамчун миллат, хоки худ ҳамчун ватан-модар ва нагузоштан барои соҳиб шудани хоинону давлатталошони дигар ба ҷою ҷалоли худ дар ҳар давру замон қаҳрамонҳои худро ба монанди Темурмалику, Муқаннаъ дошт, ки онҳо дар роҳи устувории давлату миллат ҷони худро дареғ надоштаанд. Ҳамагон медонанд, ки барпо намоии сохти конститутсионӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлоли як қатор мушкилиҳои ҷиддиро ба вуқӯъ овард. Дар чунин даврони гузариш боз ҳам он душманоне, ки миллати тоҷикро ҳамчун як ҷузъи алоҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дидан намехоҳанд, гӯё аз фурсат истифода бурда дар байни халқ ҳаргуна иғвогариро пеш гирифтанд. Хушбахтона бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳои сахту тор пушти сар карда шуда, ватани азизамон рӯ ба тараққӣ овардааст.
Мутаассифона хоинону давлатталошон дар замони муосир низ кам нестанд, ки аз бесару сомонӣ, иғвогарӣ, ҷангҳои бародаркуш, хуни ноҳақрехтаи мардуми осоишта ба қавле, ки фоида ба даст меоранд. Хосатан чунин гурӯҳҳои ашхосони соҳибмулк нисбати давлатҳоисулҳобод, ки мардумаш аз давлати хеш, аз тинҷию амонии хонадони хеш шукргузор мебошанд чашми ҳасад бурда, бо ҳар гуна роҳу равишҳои номатлуб ба оромии онҳо халалдор мегарданд. Пайдо мешаванд нафароне, ки аз ҷиҳати ҳарисию нафси худ ва ҳамчунин аз беадабии худ ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда бехабар аз ғарази онҳо нисбати халқу ватани хеш, нисбати аҳли байти хеш хиёнат мекунанд ва сабабгори харобиҳои зиёд мегарданд.
Шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ аз забони модари тоҷик чунин мисраҳоро офаридаанд:
Агарчӣ мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман.
Агарчӣ борҳо бегонаи дилсанг дидам ман.
Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
Намурдам гарчӣ бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман.
Ман ҳамчун як модар, як омӯзгор, як аъзои соҳибҳуқуқи ин ҷомеа дар роҳи зиддият бо чунин зуҳуротҳои номатлуби замони муосир бетараф нестам ва дар таълиму тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, меҳнатдӯстию ободкорӣ дар ботини онҳо саҳмгузор буданро вазифаи муҳаддаси худ мешуморам.
Муаллимаи кафедраи барномарезӣ Фозилова М.Б.