Ваҳшоният аз инсон нест!
Шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони баҳсу иғвоангезии мухолифини кишвар мубаддал гардидааст. Хосатан сомонаи “Паём” ва “Ислоҳ.нет”, ки ҳар як маводи манзур намудаи онҳо танҳо ба хотири гумроҳ намудани мардуми ноогоҳ асту қаҳрамонҳои асосии маводҳои онҳо саркардагони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин рӯнамоӣ мекунанд. Дар ин амалҳои муғризонаи онҳо як чиз ҳайратовар аст, ки худ дар хориҷи кишвар, дар хидмати хоҷагони хориҷии худ ҳастанд, вале дар ин кишвар дар ҳар гӯша ва ҳар як муассиса “манбаъ” доранду он “намояндаи онҳо” хабар додааст. Ба гуфте, мӯре дар ин макон биҷунбад чун фил вонамуд мекунанду гуноҳкоре мекобанд. Аммо агар ягон амали нопоки худашонро рӯи об барояд, дарав думраваконашон изҳороташон тайёр!!!
Худ намоиши силсила филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки қаҳрамонҳои меҳварӣ худи ана ҳамин наҳзатиён ҳастанду ба хотири дилхушиву ҳисоботдиҳӣ ба хоҷагони худ ҳама амалҳои нопоки худро ба навор гирифтаанд, бозгӯи ҳадафу мақсадҳои нопоки наҳзатиён асту бинандаро аз асли воқеа огоҳ месозад. Одамрабоӣ, куштор, таҷовуз ба номус, ғоратгарӣ, оташзании молу мулк ин ҳама ваҳшониятро халқи тоҷик бар асари ҷанги таҳмилӣ аз сар гузаронидаву хун гириста буд. Он замон ҳам, наҳзатиён бонги табодуллоту тазоҳурот доштанду ин замон ҳам чунин нохалафӣ мекунанд. Ин ҳама ваҳшу фаҳш магар барои фарзанди инсон ҷоиз аст? Бар модаре, ки онҳоро зодаву падаре, ки тарбия намуд ва устоде сабақ додааст як суол – магар хислати инсонӣ, инсонгароӣ ва меҳанпарастӣ дар авроқи китоби тарбияи шумоён навишта нашуда буд? Ин гуна лофзаниро омӯзонидаед, ки касро нафрат мегирад. На на! Онҳо аз китоби тарбияву одаму одамгарӣ фарсахҳо дуранд!
Ин наҳзатиён як чиро ба хотир ва шуури худ намегиранд, ки миллат имрӯз он миллати ноогоҳ несту кайҳо чашми ақли худро боз намудааст, кайҳост мардум танҳо ба хотири ободии Ватан ҷонфишорӣ мекунад. Пайрави кору пайкори Садри муаззами худ ҳаст!, ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ин миллату ин давлат ба воқеаҳои мудҳиши фарҷоми асри гузашта баргардад!
Шарифзода М.