Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам…
Шабакаҳои иҷтимоиро ҳар нафар ҳар гуна истифода мебарад. Бархе барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ, дигаре барои муоширату мубодилот, савумин барои гузориши маълумотеву дигаре барои худнамоишдиҳӣ... ва ғайраву ҳоказо. Хоинони миллати тоҷик, ки худро меҳанпарастони асил мешуморанд, шабакаҳои иҷтиморо ба майдони ҷанги иттиллоотии худ табдил додаанд. Баъди мутолиаи маводу тамошои барномаҳои пур аз буҳтону дуруғӣ Муҳаммадиқболу сарвари созмони бепаймони “паймони миллӣ” М.Кабирӣхоҳ ноҳоҳкас ба дунёи андеша ғўтавар мешаваду аз нотавонбинии бархе чунин «ватандорон» ақл ба фиғону қалб ба дод меояд.
Вазъи имрўзаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро ҳоҷат ба муаррифиву намоишдиҳӣ нест. Ободивутозакориҳо, пешравивунавгониҳо, ки ҳар рўз рўи кормеояндумардумиозодандешаву меҳнатқарини тоҷик шоҳиди бевоситаи он мебошад, шояд ба табъи баъзеҳонафорад ва бинобар ин аз хориҷи кишваристода,вазъиТоҷикистонроматраҳмесозанд ва ё сохтанӣҳастанд.Аслан, ин тоифамардум, ки худрорўзноманигор, сиёсатмадор, шоир, адибмепиндоранд наход то ин дараҷа кўрдилу нотавонбошанд, наход пешравиву ободии ватани аҷдодии худродида натавонанд. Ҳамарӯза шабакаҳои иҷтимоӣ фарогирӣ амалҳои бешарафонаи ин нохалафони миллат асту гӯиё бо ин амалашон онҳо чашми мардумро во мекарда бошанд! Ҳайфи шумо! Агар шумо ҳаммиллатон чунин амал кунед, пас аз дигарон чи суд?
Мебоист, ба ҷои сиёҳкуниву ҳангомаҷўии беҳуда, кишварродар хориҷ муаррифӣ намоянду дастоварду пешравиҳои миллати тоҷикронодида нагиранд! Вале ҳайҳоти дунё, ки ин амалҳо танҳо ба хотири ҳисоботи пуробуранге ба хоҷагони онҳосту онҳо ҳаргиз баҳри ободкориву пешравии сарзамини тоҷик кӯшиш нахоҳанд кард! Барои мо шаҳрвандони ободкори кишвар ягон хел “кӯшиш”-ҳои онҳо лозим нест! Танҳо моро тинҷ гузоранду бас! Халқи меҳнатқарин худ бо сарварии Садри муаззамаш ба ободиву осоиштагӣ ҷидду ҷаҳд намуда, ин Ватану меҳанро ҳам ҳифз месозаду ҳам обод мекунад!
Шарифзода М.