​ДДХ дар мусобиқаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар мақоми аввалро соҳиб гашт

Аз 2-юм то 5-уми март, мусобиқаи варзишии вилоятӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии касбӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гашт.

Дар мусобиқаи мавриди зикр донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми аввалро соҳиб гашта, бо ДипломуҶоми мусобиқа тақдиронида шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки мусобиқаи варзишии вилоятӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии касбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ