​Мактуби иттилоотӣ

Раёcати илм ва инноватсия ва Шӯрои олимони ҷавони Муассисаи давлатии таълими “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тасмим гирифтааст, ки санаи 22-юми июни соли 2021 конференсияи вилоятии илмӣ – амалии «Истиқлолият, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – сароғози сулҳу ваҳдати миллӣ»–ро бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор намояд.

Барои иштирок дар конференсия коршиносон, муҳаққиқон олимони ҷавон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • Истиқлолияти давлатӣ–марҳилаи сифатан нави таърихӣ дар сарнавишти тоҷикон.
  • Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият.
  • Ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият.
  • Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналхалқӣ.
  • Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–сароғози сулҳу ваҳдати миллӣ.
  • Иҷлосияи нусратовар ва ваҳдатофар.
  • Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдати миллӣ.
  • Аҳамияти байналхалқӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон.
  • Анҷумани тақдирсози миллат дар сарнавишти бонувон ва ҷавонон.
  • Ваҳдат омили рушди устувори ҷомеа.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ

Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад.

Талабот оид ба таҳияи мақолаҳо:

Мақола қаблан дар ҳеҷ нашрия нашр нагардида бошад.

Ҳаҷми мақола бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда то 6-8 саҳифа.

Ҳуруфи асосӣ Times New Roman Tj, Times New Roman. Андозаи ҳарф 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад.

Иқтибосҳо ба адабиёт дар қавси квадратӣ [1,5] оварда шавад.

Номгӯи адабиёти истифодашуда ё пайнавишт мувофиқи алифбои тоҷикӣ оварда шавад.

Ҳайати таҳририя ҳуқуқи интихоб, ихтисор ва таҳрири мақоларо соҳибаст.

Нишони электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:

samandar.ruziev.95@maiI.ru ё мустақиман ба суроғаи кумитаи тадорукот.

Муҳлати охирини қабули мавод: 15 июни соли 2021.

Суроға: 735700, ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбекова 1, бинои раёсат, утоқи 113

Телефон барои иртибот: 928200515

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ