​Дифои рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 10.01.08 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ Шодиқул Шарифов дар мавзӯи ”Поэтика ва масъалаҳои матншиносии маснавии ”Интиҳонома”-и Султон Валад” рисолаи илмии худро дифоъ намуд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шодиқул Шарифовро барои дифои рисолаи илмӣ шодбош гуфта, пешрафти назарраси илмӣ ва саломатии бардавомро таманно дорад.

Муаррифӣ

Шарифов Шодиқул Ҳасанович (Шодӣ Ҳасани Шарифниё) 26.09.1980 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.

Пас аз гирифтани таҳсилиоти ибтидоӣ, соли 2005 ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик соли 2010 хатм намудааст.

Аз соли 2010 то то 2019 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ фаъолият доштааст. Аз санаи мазкур то имрӯз дар вазифаи муовини директори МД ”Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” фаъолият дорад. Зикр бояд кард, ки муддате ҳамчун ходими хурди илмӣ дар Институти илмӣ-тадқиқотии ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.

Аз соли 2014 инҷониб муаллими муштараквазифаи кафедраи адабиёти класикии тоҷики факултети филологияи тоҷик, кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ