​Таҷлили солгарди Ҷӯрабек Набиев дар донишгоҳ

Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори донишгоҳ Ҷӯрабек Набиев доир гашт.

Дар ҷамъомад муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов, раиси иттифоқи касабаи донишгоҳ, Расул Бобоев ва аҳли санъат, пайвандону шогирдони соҳибҷашн ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро муовин ректори донишгоҳ, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Ҷӯрабек Набиев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, ҳамеша риштаи ҳаёти худро бо ин боргоҳи илму маърифат пайваста меояд. Суруду оҳангҳои гӯшнавозу дилнишини ҳунарманд бо риштаҳои заррини анъанаҳои куҳан пайваста, дили шунавандагону мухлисони созу наворо шефтаю тасхир намудаанд. Сурудҳои классикӣ ва халқӣ, ки аз ҷониби мавсуф сароида шудаанд, дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфуз буда, имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд.

Хизматҳои арзандаи Ҷӯрабек Набиев дар рушди санъати сарояндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва ҷоизаву ифтихорномаҳо арҷ шудаанд.

Пас аз он, аҳли санъат ва пайвандон баромад намуда, доир ба самтҳои фаъолият, фазилату атвори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ҳарф заданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ