Изҳорот: Даъвоҳои Раҳматулло Зоиров пуштибонӣ нахоҳад ёфт
Тоҷикистон дар канори дигар кишварҳои соҳибистиқлол пас аз пош хўрдани давлати қудратманди Шўравӣ яке аз рукнҳои демократияро дар қаламрави мамлакат татбиқ намуда истодааст, ки он бо роҳи овоздиҳии сартосарӣ интихоб кардани Сарвари давалт ба шумор меравад. Дар нимаи дуввуми соли 2020 ин чорабинии сатҳи баланд баргузор мешавад. Қаблҳон новобаста аз он ки интихобот ташкил карда шавад, баъзе ниҳодҳо вобаста ба гуруҳҳои ҳангоматалаб дар оғози сол чандин мулоҳизахои ноҷову бебунёдеро пешниҳод мекарданд. Пас аз эълони интихоботи Президентӣ яке аз даъвогарони ососҳои фани ҳуқуқ дар кишвар роҳбари яке аз ҳизбҳои мамалакат Раҳматулло Зоиров боз дар матбуот ҳар гуна балвову шўр ангехта худро ба сифати як мутахассиси соҳаи ҳуқуқ ба ҷилва меоварад.Тамоми халқи тоҷик боварӣ дорад, ки интихоботи қарибулвуқуъ шафоф гузашта шахси арзанда итихоб мешавад ва онро халқ бо як овоз интихоб хоҳад кард. Раҳматулло Зоиров хуб медонад, ки дар вазъияти кунунӣ кишварҳои ҷаҳон новобаста ба шароити баамаломада чӣ корҳоро ба анҷом расонидаанд.
Санаи 11-уми октябр эълон намудани санаи интихоботро ғайриқонунӣ эътироф кардани ин даъвогари фанни ҳуқуқ шояд чанд сабаб ва сарчашма дошта бошад, ки дар назари ҷомеаи Тоҷикистон пинҳон нест. Хоҳед нахоҳед асрор як рўз ифшо мешавад. Чунин даъвоҳои аз ҷониби дигар ҳизбҳо суратгирифта дар давоми фаъолияташон нишон додааст, ки онҳо хоҳишҳои онҳо ҳамеша дар доираи манфиатҳои пасипардагӣ рўйи кор меоянд.Тавре аз мутолеаи саҳифаи электронии Радиои Озодӣ аз қавли Шокирҷон Ҳакимов омадааст: “Моҳияти эроди Раҳматулло Зойиров дар он аст, ки бо дар назардошти тақрибан ба як моҳ пеш таъйин кардани замони баргузории интихобот ниҳодҳои марбутаи ваколатдори давлат ва ғайридавлатӣ бо таъсиси комиссияҳои интихоботӣ, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҷамъ кардани маблағ ва муҳаё намудани заминаи эҳтимолии иҷтимоӣ ва ҷамъоварии имзо машғул бояд шаванд. Аз ин рӯ вақте як моҳ пеш замони баргузории интихоботро таъйин карданд, анҷоми чунин корҳо низ ба як моҳ пеш гузаронида шавад, ки ин чиз на танҳо нерӯи зеҳнӣ, балки омилҳои инсонӣ ва дигар хароҷоти молиявӣ ва дигарҳоро дар назар дорад.”Бояд қайд кард, ки Шокирҷон Ҳакимов низ муовини Раҳматулло Зоиров буда, ҳама чизро аз нигоҳи ў мебинад ва баррасӣ мекунад.
Ба ҳангоматалабон ва ҷорҷиёни фанни ҳуқуқ чунин тавсиа дода мешавад, ки интихобот ҳамчуняк маъракаи муҳим дар байни мардум бо як руҳияи идона баргузор хоҳад гардид ва чунин даъвоҳои сомонаӣ иътиқоди мардумро дар ин роҳ кам нахоҳад кард.
Кайхусрав Каримов-устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров