Мутеъ будани наҳзатиён ба иблис!
Дар рӯзҳои серабри зимистонӣ шайтони лаъин нияти сиёҳкоронаи зиёд кардани сафдорони худ мекунад ва ба зердастонаш мақсади палидонааш ифшо мекунад. Як чоплуси виҷдонфурӯше аз кишвари барои ҳамагон маълум бо тамаллуқи ғуломона хабар мерасонад, ки гурӯҳи нафарони хиёнатпешаеро ба худ ром кардаасту онҳои ватанфурӯшро дар як қатор мамлакатҳои Аврупо паноҳгоҳу маскун кардааст. Ӯ ҳамаи давраҳои ромсозӣ ва ифротгароиҳои онҳоро ҳикоя намудапай мебарад, ки хеле серғазабу хашмгин шудааст. Аз ин ҳол маъюси маҳзун гашта пурсони асли воқеаро мехоҳад. Ҳоло ӯ ҷуръати боз гардонидани даҳони худ накарда Шайтони палиду разил бонг мезанад - Эй бефаҳму бефаросот! Тӯли ин соатҳо ту ба ман нақли таърифи нафаронеро кардаӣ, ки аллакай мутеи ман шудаанду ҳоҷати ҷалби онҳо боқӣ намондааст. Аз сарфи беҳудаи фурсати муносиб беҳтараш бигӯ, ки ононро чӣ ному насабест ва мақоме дар ҷомеа?
Чоплус аз ғазабу саволи олампаноҳаш тарсида бо овози хушомадгӯӣ баён менамояд, ки ин тоифа нафаронанд, ки бо тавсияи ӯ номи дини мубини Исломро ба худ ниқоб кардаанд ва пештар дар Тоҷикистон макон доштанд. Лекин, мардуми мусалмони инкишвар хиёнати онону ромшудаи мо будани онҳоро дарак ёфтанд ва аз Ватанашон бо ҷурми хоинӣ рондаанд. Итминони қавӣ дорам, ки онҳо ба Ватани худ хиёнат карда бошанд ҳам, ба Шумо хиёнат намекунанд ?
Иблис, ки тоқаташ тоқ аз ин гуфтаҳои чоплус шуд ва хитоб намуд: Эй худобехабари ашаддӣ! Ин нафаронро аз роми худ берун намо! Зеро, нафаре, ки ба макони зодааш вафо накард аз ӯ интизори садоқат натавон шуд. Ва онон аз тоифаи онҳоанд, ки баднафсу беномусанд, ки баҳри қонеъгардонии нафс ҳам бо ману ту ва ҳам ба Офаридгор хизмат хоҳанд кард. Инъоми амалҳои туро бошад дар даромади миёнарави фоҳишаҳо (сутенёр) муайян кардам!
Чоплус бо зону нишаста ба Иблис арзи сипос намуд ва барои ҳикояти воқеа ба назди ифротиёни наҳзатӣ раҳсипор шуд. Чун ӯ худ ҳам, хизматгори чандин ҷонибҳо буд!?
Мумкин аст, хонанда аз шиносоӣ бо ин ҳикояи ҳаҷвӣ мутаасир аз шабакаи воқеӣ бо тоифаи нафарони хиёнатпешаву иблиссифат огоҳ гардад ва дар пешгирии гаравидани наздикону шиносони хеш саҳмгузор бошад. Боқӣ ҳаволаи ӯ бавиҷдону имони ӯст!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”