​Муаллифи ташаббуси нохалафона кист?

Ҷомеаи заҳматкаши Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пайи амалҳои фидокоронаи ободиву бунёдкорист, чун фазои орому осуда ҳукмфармои Ватани маҳбубамон гаштааст. Вале, ҳамаи мардум хуб дарк менамоянд, ки решаи кинаву адоват, дасисаю фитна ва дигар ғаразҳои сиёҳдилонаи душманони дохиливу хориҷии мо то ба охир барканда нашудааст. Зеро, ин баднафсони хоинро хоҷагони маблағгузори хориҷӣ идора менамоянду барои онон бозиҳои сиёсии муғризона ҳамчун талаботи организми зинда дар танашон реша рондаасту ҳаргиз то дами вопасин онҳоро тарк нахоҳад гуфт! Охир, ин нафарон сиёҳдилу бадкина натавонанд дарк созанд, ки дили софу беғубор ва шуҷои ватандорӣ беҳтарин неъмати файзбори илоҳист, ки насиби на ҳар фард мешавад!?

Паҳни хабарҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба даъвати тазоҳуроти сиёсӣ аз бехирадию фаросати паст ва бефарҳангии муаллифони он дарак медиҳад. Вагарна, кадом солимақлу бофарҳанг дар рӯзҳои иди Наврӯзӣ ҷаҳонигашта, ки мардум саргармӣ шодбошию нишоти зиндагӣ мебошанд, чунин даъватҳои нохалафона мекунад?! Хусусан, дар айёме, ки мақомоти қудратии кишвар барои таъмини амнияту суботи идонаи мардуми шарифи мамлакат омодаанду тавоною содиқи Ватан ҳастанд.

Ҳамраъйиву ҳампайвастии аҳолӣ бо роҳбарияти олии кишвару сиёсати дохилию хориҷии он аллакай вирди забони ҷаҳониён шудааст, ки ин далелро дар сатҳи олӣ барпо гардидану натиҷаҳои пурбаракоти интихоботҳои вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, инчунин интихоби Президенти мамлакат шаҳодати воқеӣ аст. Сарҷамъиву ваҳдат, садоқату вафо ба Ватан, шуғли созандагиву бунёдкорӣ дар замири қалби насли имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи устувор дорадуҳеҷ нохалафи наҳзатию шиагаро ин ҳиссиёти олии гувороро аз дили тоҷикистонӣ рабуда наметавонад.

Парвардигори олам бандаҳои худ барои ободкориву заҳмати ҳалоли фоидакорона офаридаасту мардуми суннимазҳаби боимони Ватан ҳеҷ гоҳ фармудаи илоҳиро бо даъвати сиёҳдилонаи тоифаи ба шайтони разил таслимшуда иваз нахоҳанд кард. Баръакси он ҳамеша омодаанд, ки бо иқдоми накӯбинонаи роҳбарияти олии кишвар амалҳои шоистаи инсонӣ баҷо оваранд. Дигар тоҷикистонӣ фирефтаи дасисаю иғво, бӯҳтону макру фиреби нохалафони муғризи наҳзатӣ намешаванд бо даъватҳои ифротгароёнаи онҳо бо меҳнати ҳалоли ободкорона ва дили софу нияти поки созандагӣ ҷавоби сазовор медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, мардуми кишвар, хусусан табақаи зиёӣ ҳамеша омодаанд, ки бо даъвату нидои нохалаф дар муборизаи имрӯзаи иттилоотӣ дастболою сарбаланд ва пешсафи ҷомеа бошанд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ