​Дараҷа ва унвонҳои илмӣ муборак

Бо фармоишҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №253 аз 27.11.2020 ба Ишонова Сайёра Султоновна дараҷаи илмии номзади илмҳои иктисодӣ ва №254 аз 27.11.2020 ба Нигматов Нумонҷон Исломович ва Сайфитдинова Мунира Раҳматовна дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз руйи ихтисос дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки докторантони PhD Нигматов Нумонҷон Исломович ва Сайфитдинова Мунира Раҳматовна дар Шӯрои диссертатсионӣ 6D.КОА - 033 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисоси 6D020500 – Филология рисолаҳои илмии худро дифоъ кардаанд.

Ҳамчунин бо фармоиши дигари Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №250 аз 27.11.2020 доктори илмҳои иқтисодӣ Қодиров Абдураҳмон Лакимович бо унвони илмии профессор сазовор дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ