Изҳорот: Чу узве ба дардоварад рӯзгор...
Ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо агар ин гуна нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳо ҷаҳолати назаркунандагонро ошкор месозанд, балки бо таҳлилҳову андешаҳову хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣ ва кӯчаҳои сарбаста мебаранд. Аксар вақт дар бораи чӣ хуб асту чӣ бад аст зиёиён сухан мегӯянд. Барои ҳамин ҳам зиёиро ақли халқу миллат мегӯянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатаре, ки имрӯз ба сари мардуми олам омадааст ҳеҷ гоҳ дар канор нестанд. Тамоми қувваву идроки хешро ба он сарф мекунанд, ки ягон нафар мардуми ҷаҳон , аз ҷумла тоҷикон гирифтори бемории ин вабои аср-коронавирус нагарданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро таъкид карданд, ки “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғотибадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.
Ин таъкиди Президенти кишвар ба он вобаста аст, ки дар замони ҳозира “хатари бадхоҳони миллати тоҷик дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.”
Ташвише, ки Пешвои миллатро аз вазъияти ҷаҳони муосир ором намегузорад ин таъмин намудани аҳолии мамлакат ва кишвар бо лавозимоти доруворӣ ва ниқобҳои пешгирандаи коронавирус мебошад. Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани ин вабои аср, ҳарчи бештар эмин доштану дур шудани аҳолӣ аз вирусҳои гуногун мебошад. Ҳамеша ба гигиенаи саломатӣ эътибор додан, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептик ва ҳамеша дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо ниқобҳои тиббӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то мардуми дар мусофир буда, ки имрӯзҳо дар Руссияву дигар давлатҳои ҷаҳон иқомат доранд ҳар чи тезтар ба Ватан баргардонид шаванд. Барои ин амал вақт лозим аст. Зеро якбора овардани мардуме ки дар кишварҳои гуногун , ки он ҷо вирусмаскан гирифтааст, ба саломатии мардуми кишвар зарари ҳам модӣ ва ҳаммаънавӣ дорад.
Агар ба таърих назар кунем, дар замони давлатдории Сомониён, ки Фирдавсӣ бо нигориши “Шоҳнома” оғоз карда буд, ҳадафаш ин буд, ки қавми мо худшинос бошаду дар пойдории давлаташ истодагарӣ карда тавонад. Аз ин ҷост, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба ишора ба Маҳмуди Ғазнавӣ менависад:.
Пиёда шавад мардуми ҷангҷӯй,
Саворе, ки лоф ораду гуфтугӯй.
Абдусамадова Мунира- номзади илмҳои педагогӣ, дотсент