​Эълон

Ба диққати омӯзгорон ва донишҷӯён расонида мешавад, ки 18-уми июни соли ҷорӣ, шурӯъ аз соати 9:00 дар толори бинои раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинар омӯзишии Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Семинари мазкур аз ҷониби сардори Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон Зарина Нуриддинова ва экспертони дафтари болозикр баргузор гардида, фарогири масоили мубрами таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналилалӣ мебошад.

Инчунин, доир ба мавзӯъҳои таҳияи нақшаҳои таълимӣ бо ҷалби кордеҳон ва талаботи бозори меҳнат, рақобатпазирии сифати таҳсилот ва имкониятҳои фарохи ширкат дар барномаҳои байналмилалии Эрасмус+ барои донишҷӯён ва магистрантон, унвонҷӯёну устодон маърӯзаҳо карда мешаванд.

Барои маълумоти бештар метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ утоқи 213 муроҷиат намоед.

Телефонҳо барои тамос +992928901117 ksu.robita@mail.ru

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ