​Чорабинӣ: «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ»

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология ба муносибати Иди Сада таҳти унвони «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни факултет ва намоянда аз раёсати донишгоҳ, Раиси Шӯрои занони донишгоҳ дотсент Рустамова Заррина иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати гиромидошти анъанаҳои миллӣ бо ташаббуси кафедраи технология ва методикаи таълими он ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби донишҷӯён оид ба таърихи Иди Сада ва аҳамияти таҷлили он маълумот ироа гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯён барои иштирокчиён саҳнаҳои ҷолиби тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ