​“Таронаи Ватан” дар факултети санъат

Дар ҳошияи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети санъат бо ташаббуси сармуаллимаи кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Ҳакимов Н.Ғ. – Умарова Хуршеда таҳти унвони «Таронаи Ватан» консерти ҳисоботӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўзи илми тоҷик бо иштироки васеи устодон ва донишҷўён ташкил шуд.

Дар барномаи консертии ҳисоботӣ аз ҷониби ансамбли донишҷўёни ихтисоси санъати мусиқӣ дар мавзӯи Ватан бо ҳамовозии хорсароён суруду таронаҳо иҷро гардид.

Дирижёрии сурудҳои бо ансамбли хорсароён сароидашуда аз ҷониби худи донишҷўён иҷро карда шуд, ки аз ҷониби устодони соҳибтахассус дастоварди муҳассилин дар самти тахассус унвон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ