​Донишҷӯён аз фанни сиёсатшиносӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд

Бо иштироки донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ конференсияи илмӣ-анъанавӣ баргузор гардид.

Абдунаим Бердишукуров, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ доир ба аҳамияти ташкили конфронс сухан намуда, иштирокдоронробо барномаи он шинос намуд.

Дар доираи кори конфронс дар маҷмуъ аз ҷониби донишҷӯён 13 маърӯзаҳои илмӣ ироа гардид.

“Ҳифзи арзишҳои динӣ ва миллӣ дар осор ва фаъолияти Пешвои миллат”, “Ғояи ватанпарварии ҷавонон дар таълими сиёсӣ”, “Омилҳои асосии ташаккул ва инкишофи раванди ҷаҳонишавӣ”, “Солҳои Истиқлолият ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон”, “Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои динӣ ва афзалиятҳои стратегии он”, “Ифротгароӣ хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” – аз зумраи мавзуъҳое буд, ки дар доираи конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки маърӯзаҳо бо истифода аз муаррифинома пешниҳод гардида, дар бахши муҳокима оид ба маърӯзаҳо ва пешбурди фаъолияти илмии донишҷӯён маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ