​Изҳорот: Мо бояд худсоз бошем

Таҳаммулпазирӣ барои ҳар нафар як василаи хуби нигоҳ доштани ҷаҳлу ғазаб ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯз аз таҳаммулпазирӣ истифода бурдан, яке аз роҳҳои муҳиму фоидаоварифаъолият дар тамоми соҳаҳо мебошад. Агар шахс аз рӯи меъёрҳои таҳаммулу андеша амал кунад ягон камбудӣ аз ӯсодир нахоҳад шуд. Ҳар рӯз аз ҷониби нафаре ё гуруҳе як иғво як дасиса бо васитаи интернет гузошта мешавад. Агар дар ҳафтаи гузашта мо як воқеаи рӯзноманигори ба таксиронӣ машғулшударо ҳамчун як масъалаи барангезанда мутолеа карда бошем, мебинем, ки аз ҷониби ҳар гуна гуруҳҳои ба ном миллӣ ва рӯзноманигорони ғайриҳирфаӣ ба як манбаи иғвову ҷолиш кашида шудааст ва тавре маълум аст, чунин матлабҳои ҷабрдидаҳо сабаби дастак ёфтани табарӣ ифротиҳо мешавад.

Чун фаъолияти гуруҳҳои манфитаҷӯи фурухташуда дар давоми чандин соли истиқоматашон дар хоиҷи мамлакат таҳлил шавад, бараъло дида мешавад, ки онҳо ягон матлаби дурусти таҳлилии илмӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла Тоҷикистон пешниҳод накарданд. Ин нанг аз ҷаҳолату нодонии онҳо дарак медиҳад. Мо бовари комил дорем, ки ин хиёнаткорон даст аз чунин ҳарфҳои бемавқеъ бармедоранд ва шармандавор саҳнаи муборизаро тарк хоҳанд кард. Мо аз гуруҳҳои хоин даъват ба амал меоварем, ки кишварро дар назди дигар мамлакатҳои тараққикарда паст назананд ва сари болои мадуми тоҷикро хам насозанд. Чунки ин корро як бор карданд ва ғалат будани онро эътироф ҳам мекунанд, аммо аз кардаи худ пушаймон нестанд.

Дигар масъалае, ки моро нигарон кардааст, ин таъсиси гуруҳи нав бо номи «Бомдод» ба шумор меравад, ки ба гуфти ин яеҳраҳои сиёҳ минбари озод буда ақидаҳои тозаеро гӯё пешниҳод менамояд.Аммо ин ҳамон гуруҳи ахбор ком аст, ки сомонаи террористӣ эътиро шуда буд ва имрӯз танҳо бо номи нав фаъолият мекунад. Мо ин амалҳоро маҳкум менамоем.

Кайхусрав Каримов–устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ