Эмомалӣ Раҳмон абармарди хирад ва сиёсат

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Аввалан, дар шахсият ва ҷаҳони маънавии Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои милливу мардумӣ ва эҳсоси ворисияти таърихӣ як хосияти фитрӣ мебошад. Воқеаимуҳимтарини таърихӣ ояандасозу фараҳбахш, ки дар солномаи таърихӣ Ватани маҳбубамон бо ҳарфҳои зарин сабт гардид, ин аз чониби мардуми Тоҷикистон пазируфташудани Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мебошад.

Қабул карда шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати милии - Пешвои миллат» воқеаи муҳимтарини таърихӣ дар ҳаёти ҷамияти сиёсӣ ва умуман Тоҷикистони навин мебошад.

Пешвои миллат- балантарин мақомотест, ки миллат баэҳёгари давлати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, фарзанди далеру ҷасур ва хирадмандаш, киба арсаи сиёсӣ дар лаҳзаҳои душвортарини давлати тозаистиқлоламон бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок воридгашта ва чун як фарзанди сар супордаи миллат дар як мудати кӯтоҳи таърихи тавонистанд:

- мардуми аз ҷанги таҳмилӣ азияткашидаистодаи Тоҷикистонро сарҷамъ намуда, хавфи прокандагии халқуаз байн рафтаи давлати ҷавонро пешгирӣ намоянд;

- баъди зиёда азҳазор соли аз байн рафтани давлати овозадори Сомониён давлати милли тоҷиконро эҳё намоянд;

- бо сарвариашон яке аз конститусияҳои беҳтарини ҷаҳони муосир қабул шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз нигоҳи хуқуқӣ ба расмият дароварда шавад;

- халқи куҳантаърихи тоҷик ва давлати соҳибистиқлолионро, ки роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пешгирифта аст дар арсаи байналмилалӣ сарбаландонамуррифӣ намоянд лоиқ донист.

Ба фаъолияти СарваруПешвои мо тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳонтаърихи29 - солаи Истиқлолияти давлатӣ, халқ, замон ва таърих баҳои худро доданд. Таърихи тоҷикистониёни навин исбот намуд, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон марди замону ҷаҳон ва дар ҳалли масъалаҳои тақдирсози дохилию ҷаҳони амиқу саривақтӣ масъалагузорӣмекунад.

Таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун абармарди сарнавиштсоз бунёдгузори он аст, аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ пазируфта шуд. Дар ин солҳо Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар пешрафти фарҳанги сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳми арзанда гузоштааст.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерӯманди худ ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ, рушду нумӯъи мамлакат ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намудааст. Ин аст, ки дар ҷомеаи башарӣ «Пешвои асри XXI» ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудааст. Ба гуфти Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин «…Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбии нодир аст. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».

Иштирок ва суханрониҳои сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ далели обрӯ ва шхсияти ин марди бузург аст. Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

Бисту нӯҳ сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати пешвои тоҷикон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Имрӯз каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.

Ғайбуллоева, М. А., устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ